Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
такрорҳои нодаркор, бе ҳеҷ шарораи гениалӣ ва оригиналӣ бо як оҳанги томми безоркунанда, ҳамеша ба такрори ҳақиқатҳо ва бемазагиҳои ба ҳама маълум
94 майлдор аст». В. Иванов ба ин масъала ғарази андеша дорад: ў намехоҳад тасаввур кунад, ки Носири Хусрав на фақат ба муқобили ноинсофиҳо ва беадолатиҳои замони худ, балки инчунин бар зидди назми дарборӣ ва шоирони маддоҳ баромад кардааст. Ин муносибати ба назми дарборӣ ва шоирони маддоҳ доштаашро Носир бо услуби соддаи «оммафаҳм» ифода кардааст.
Носири Хусрав ҳеҷ гоҳ майле накардааст, ки ба услуби маддоҳони дарборӣ, ки забони ниҳоят душвор, зоҳиран серобуранг ва аксаран номафҳум доштанд, пайравӣ кунад. Баръакс, ў бо тамоми услуби эҷодии худ бар зидди ин баромада, барои соддагӣ, осонфаҳмии тарзи ифода кўшиш кардааст. Инро худаш хуб медонист. Дар ин хусус дар девонаш шоир мегўяд, ки:
Эй Ҳуҷҷати бисёрсухан, дафтар пеш ор, В-аз нўги қалам дурри суханҳот фурў бор.
Ҳарчанд ки бисёру дароз аст суханҳот, Чун хуб хуш аст, он на дароз асту на бисёр.
Нав кун суханеро, ки хуб шуд ба маонӣ Чун хоки куҳанро ба баҳор абри гуҳарбор...
Дар шеър зи такрори сухан бок набошад,
95 Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор.
Дар ҳақиқат, забони маснавиҳо ва дигар шеърҳои шоир бисёр оддӣ ва оммафаҳм буда, суханбозии барзиёдро надорад. Зеро Носир фикрҳои фалсафӣ ва иҷтимоии тезу тунд ва ақидаҳои мазҳабии хешро мехост бо услуби сабук ва тарзи равшани ифода инъикос кунад, то ки онҳо фаҳмо ва дастраси омма гарданд.
Ҳамин гуна арзандагии услуби Носир, ки ба худаш хос буда, дорои мазмуни баланд мебошад, иборат аз он аст, ки ин услуб нисбат ба назми дарборӣ, барои оммаи меҳнатии халқ наздиктар, мафҳумтар ва шавқовартар аст. Пас, маълум мешавад, ки В.Иванов Носири оммадўстро ба «дуруштӣ» ва «номунтазамии шеърӣ», ба акс кунонидани задухўрдҳои ҳаётӣ таъна намуда, ҳамон мақоми таассубомезро ошкоро таҳсин менамояд. Маҳз барои ҳамин В.Иванов дар шахсияти Носири Хусрав танҳо пайрави мазҳаби исмоилияро дида, ўро ҳамчун шоири моҳир, файласуф ва одами инсонпараст инкор
96 мекунад.
Дар сохтакорӣ ниҳоят боло рафта, барои он ки худро баҳодиҳандаи фавқулъодда нишон дода, ба хонандагон гуфтаҳояшро маъқул кунонад, В.
Иванов маҷбур шудааст, ки аз фикрҳои шарқшиносони аврупоӣ низ чашмпўшӣ намояд. Аз ин ҷост, ки ў аз қайди Ҳ.Эте чашм пўшидааст, ки назми
97 «Рўшноинома»-ро шеъри хушоҳанги ғалатӣ номида мегўяд, ки такрорҳои дар маснавиҳо буда, натиҷаи фаъолияти бошууронаи худи Носири Хусрав
98 мебошанд.
Дар ҳақиқат, дар назми Носири Хусрав такрори фикрҳо ва ибораҳо вомехўранд ва баъзан онҳо хеле хосанд. Чунончи, мисолҳои зеринро бо ҳамдигар муқоиса намудан мумкин аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё