Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
истода будам, пас аз он ки ручкаашро ба латтаи махсус покиза кард ва дар ҳолате ки сарашро каме хам карда, аз болои айнакаш нигоҳ мекард, гуфт:
– Дар ғалладони чапи ҳамон миз китоби «Устод Рўдакӣ»-и ман ҳаст, бо алифбои лотинӣ. Ҳамонро гирифта хонда шин, то ман, каме кори зарур дорам, тамом кунам, – ва худ боз ба кор шурўъ кард.
Ман китобчаро ба дастам гирифтам, вале ду чашмам ба падарам буд. Ў варақеро, ки қаблан навишта буд, гирифт. Онро як бори дигар дида баромад ва дар ҳолате, ки сарашро каме такон медод, гўё бо воситаи қаламаш бо худ сахт мунозира мекарда бошад, ба рўи он варақи сиёҳнавис ба шакли салиб ду хат кашид. Боз як бори дигар ручкаашро тоза кард ва бо шиддат ва суръат чанд сатри нав нигошт.
Ман падарамро дар як ҳолати ғайриоддӣ медидам, ки аксар дар ҳолатҳои кори эҷодӣ мушоҳида кардан мумкин буд. Меҳмонхонаи тобистонӣ тамоман ором буд, фақат садои хишир-хишир карда, ҳаракат кардани хомаи падарам шунида мешуд. Ман ҳам китобчаи «Устод Рўдакӣ»-ро варақ мезадам ва боз як бор таърихчаи пайдо кардани қабри устод Рўдакиро хонда баромадам.
Падарам кори асосии зарурашро ба марҳалаи лозим расонида, сиёҳнависи мақолаашро анҷом дод. Он рўз боз як мактуби зарур будааст, ки онро ҳам навишт ва ба илова як телеграммае низ вобаста ба «таҳқиқот»-и Чейлитко тартиб дод, ки зуд ба адреси роҳбарони илми Тоҷикистон фиристода шавад.
Бино ба қавли падарам, хулосаи мазмуни он нома ва телеграмма чунин будааст:
вай қатъиян талаб мекунад, ки мисли Чейлитко ҳаваскорони моҷароҷўй набояд дар таҳқиқоти илмии рўдакишиносӣ дасте дошта бошанд. Маҷбур аст таъкид кунад, ки ба чунин касон дар илми ғайри касби худашон роҳ додан баробари ҷиноят кардан ва хиёнат кардан дар таърих аст. Ба касони мисли Чейлитко кори муносибтар пайдо карданро салоҳ медонад, ки илму амалашон муносиби ҳолашон бошад. Дар номааш падарам тақозо мекард, ки барои кашфи қабри Рўдакӣ беҳтарин мутахассиси чеҳрасозӣ (антрополог)-ро бо ҳар роҳ ва ҳар шароити моддӣ ва маънавӣ овардан лозим аст…
Ин буд ақидаи падарам дар ин масъала. Бо ҳамин моҷарои Чейлитко барои Рўдакӣ ва барои падарам хотима ёфт. Баъдтар, аз археологи машҳур, нахустин кашфкунандаи шаҳри бостонии Панҷакент А.Ю.Якубовский, ки аз дўстони падарам буд, дар Университети давлатии Ленинград ба ман дарси таърих медод, дар ҳақиқат кӣ будани Чейлиткоро ҳамчун археолог фаҳмидам.
Пас аз номаи домулло Айнӣ ба зудӣ роҳбарияти илми таърих дар Тоҷикистон, ки аз он замон таҳти назорати Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошт, Чейлиткоро аз корҳои илмии ғайри касби ў берун кард. Вай «бо хоҳиши худ» дар мактаби миёна дарс доданро интихоб кардааст.
Аммо ҳамин гуна як суол мувофиқи мантиқ аст, ки Садриддин Айнӣ дар навиштаҳои худ дар бораи ҳаффории Панҷрўд чиҳо гуфта буд ва пас аз «имтиҳон»-и Чейлитко онро чӣ гуна таҳрир кард?
Дастхати мақолаи домулло Айниро бо номи «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ» дар пеши назар дорам. Ин нусха, ки соли 1958 аз архиви он кас пайдо шуда буд, аз ёздаҳ варақ иборат буда, бо хатти бисёр хонои муаллиф навишта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё