Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафиқ Чейлитко, ба ақидаи ман, шумо ба Сталинобод рафта, бо корҳои асосии худ машғул шавед, беҳтар аст. Ақидаи худамро ман ба Сталинобод хабар медиҳам.
Чейлитко ва ҳамроҳонаш саросемавор аз ҷояшон бархоста, аз падарам барои вақти ўро гирифтанашон узрхоҳӣ карда, баромада рафтанд.
Пас аз баромада рафтани Чейлитко ва ҳамроҳонаш падарам хеле бадқаҳр менамуд. Вай дар ҳаққи он таърихшинос бад мегуфт. Хулосаи сўҳбати дурударози имрўзаро вай ба шарики худ нақл карда дод. Онҳо дукаса бисёр завқ карданд. Ниҳоят, падарам илова кард:
– Шарик, шумо шахси бетараф ҳастед, кас агар ақлу мантиқи солим надошта бошад, чӣ ҳақ дорад, ки бо илму тадқиқот сарукоре дошта бошад.
Камолро бо як дидан, ҳатто фақат аз биниаш шинохтан мумкин аст, ки фарзанди ман аст… Ман ҳеҷ гоҳ розӣ намешавам, ки ба хоку турбати Рўдакӣ касе ҷуръати таҷовуз кунад.
Дўсти падарам гуфт:
– Шарик, Мирзо Бедил гўё дар ҳаққи ин олими чеҳрашинос гуфта бошад:

Гар қобили касбу амале мезодем,
Дар вартаи фикри худ намеафтодем.
Дидем, ки дасти мо ба ҷое нарасид,
Аз саъйи ҷунун доди гиребон додем.

Падарам фармуд:
– Ин ҳам аз Бедил:

Ман ҳам аз касби илм хурсандам,
Лек бо мақсадест пайвандам,
К-аз усули мадорики ҳикмат,
Одамеро барорам аз ғафлат…

Дўсти падарам илова кард:
– Шарик, ғафлат ва нодонӣ ва худписандӣ баробари ҷаҳли мураккаб мегўянд.
Падарам фаврӣ ҷавоб дод:

Ҳар кас, ки надонад ва надонад, ки надонад, Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
В-он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад, Ў мурдахари хеш ба манзил бирасонад.
Дўсти падарам хайрухўш карда, баромада рафт.
Ҳамон вақт падарам фаврӣ ба сари кори худ рафт. Ў мусаввадаҳои мақолаи дар бораи «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ»-ро дубораю себора варақ мезад ва охир, ба ман, ки дар миёнаи меҳмонхонаи тобистонӣ рост

пешина
аз 235
навбатӣ