Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падарам ба хоҳарзодаи модарам Абдулҳамид, ки дар хона бо либосҳои покиза ва дасту рўи шуста, мисли фарзанди соҳибхона нишаста буд, ишора карда ва маро, ки аз боғ ҳамин ҳоло омада, хидмат мекардам ва ҳанўз ҷое нонишаста, рост истода будам, бо ангушташ нишон дода, ба Чейлитко гуфт:
– Шумо ҳоло бигўед, ки аз ин ду писар кадомаш фарзанди ман аст?
Чейлитко ба тарафи ман нигоҳе андохта, маро аз сар то пой бодиққат аз назар гузаронд. Дид, ки хидмат мекунам, аз боғот мева овардам, дар бар либоси казоие надорам, фалахмоне дар гардан овехтаам. Хулоса, шояд ба назараш мисли деҳотибачаҳое намуда бошам, ки барои шаҳриёни ошно ҳамеша мева ва ширу қаймоқ меоварданд ва оҳиста-оҳиста мисли одами худӣ мешуданд.
Чейлитко ба ҳар дуи мо боз як нигоҳе карда, ба хоҳарзодаи модарам Абдулҳамид ишорае намуда гуфт:
– Ман шубҳае надорам, ки ин писарак фарзанди шумост?!
Падарам чизе нагуфт, эҳсоси худро ошкор накард, ақидаашро баён нанамуд. Фақат дар ҳолате ки аз болои айнак ба тарафи мо нигоҳ мекард, медид, ки аз чунин ҷавоб лаззат мебурдем.
Дар ин лаҳза ба ҳавлии мо шарики падарам даромада омад. Шарики падарам бо ҳама, ба ғайр аз ман саломуалейк карда, дасташро ба китфи ман меҳрубонона гузошта истода буд. Падарам низ ҳанўз шарикашро барои нишастан таклиф накарда, ба Чейлитко руҷўъ кард:
– Пас, ҳоло бигўед, ки ин шахс кист? Ба ин бачаҳо дахле дорад ё не?
Чейлитко ба шарики падарам, ки дар бар курта, эзори маҳаллии сафед ва яктаҳи беастари сафед ва кафши содаи ҷойдорӣ дар пой дошт ва ба ин сурат касонро дар ҳама ҷо – дар шаҳру деҳот, кўчаву бозор дидан мумкин буд, ниоҳе карда, як лаҳза сокит монд ва пас аз он гуфт:
– Албатта, ин кас падари ин писар аст.
Ва бо ишораи дасташ маро нишон дод.
Шарики падарам чизе намегуфт, зеро аз сўҳбат ва воқеа тамоман бехабар буд. Фақат бо чеҳраи пур аз ҳайрат наззора мекард. Маълум буд, ки падарам аз натиҷаи мусоҳибаи дурударози имрўза ва суолҳояш хеле қонеъ гардидааст.
Чейлитко ва ҳамроҳонаш малул ва парешон буданд.
Падарам дигар ҳавсалаи давом додани сўҳбатро надошт. Ў соаташро аз таги кўрпачаи ҷои нишасти худ гирифта, як нигоҳ кард. Вай гўё мегуфт, ки вақташ дигар тамом шудааст ва ба ҳамроҳони Чейлитко нигоҳ карда, суханашро давом дод:
– Беҳтар аст, ки ин шахс бо қабри Рўдакӣ ва чеҳраи ў коре надошта бошад.
Падарам номаеро, ки Чейлитко аз Сталинобод бо худ оварда буд, гирифт.
Боз як бори дигар онро аз назар гузаронида, ба бостоншиносон хитоб кард.

пешина
аз 235
навбатӣ