Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Падарам, ки ҳамон шабу рўзҳо дар болои мақолаи Рўдакӣ кор мекардааст (ин ҷиҳат аз мусаввадаҳои ў маълум мешавад), бо меҳмонон бо завқу шавқ сўҳбат мекард. Чейлитко аз солҳои чил сар карда, дар атрофи Панҷакент ва Панҷрўд чандин бор ҳаффорӣ кардааст. Ҳоло ҳам ният доштааст, ки қабри устод Рўдакиро бо роҳнамоии падарам кушояд. Падарам ғарқи сўҳбат буд. Вақте ки ман салом карда, сатили меваро болои суфа гузоштам, падарам номаи шарикашро аз дасти ман гирифта аз назар гузаронид ва ба ман нигоҳе карда гуфт:
– Барои меҳмон ду табақ мева шуста биёру ҳеҷ ҷой нарав.
Сўҳбати падарам бо меҳмонон хеле шавқовар буд, зеро аз кашфиёти рўдакишиносӣ гуфтугў мекарданд. Ў аз таърихҳои гузашта иқтибосҳо меовард, да лелҳо нишон медод.
Чейлитко, гўё ки кайҳо қабри Рўдакиро кушода бошад, бо як ғурур ва боварии қатъӣ мегуфт, ки ҳатман дар сохтани сурати Рўдакӣ худ шахсан роҳбарӣ хоҳад кард.
– Ин кашфиёт чунон кори бузургест, – давом дод вай, – ба каси дигаре бовар кардан муҳол аст.
Маълум буд, ки оҳанги гуфтори он мард ба падарам хуш наомад…
Оҳиста-оҳиста падарам чанд суоли дигаре аз қабатҳои замин, аз усули атиқашиносӣ, аз роҳҳои илмии сафолшиносӣ, аз хатхонӣ, аз сиккашиносӣ ва дигар масоили илмии бостоншиносӣ ба миён овардан гирифт. Чунон ба назар менамуд, ки вай Чейлиткоро имтиҳон мекард, месанҷид, ки оё ин шахс барои чунин кори таҳқиқи муқаддаси масъулиятнок – рўдакишиносӣ, хусусан барои кушодани қабри он устоди ҳазорсолаи сухани мардуми мо муносиб аст ё не.
Падарам ҷавобҳои Чейлиткоро бодиққат гўш мекард, баъзе мавридҳоро, ки барояш хуб фаҳмо набуд, дубора тарҷума кунонда, айни масъаларо барои худ равшантар карда мегирифт. Баъзан, шояд барои он бошад, ки ҷавоб ҳои бостоншиносон қонеъкунанда набуданд, охири сухани ўро, ки ба рўдаки шиносӣ ҷуръат кардан мехост, бурида, суоли тозае ба миён мегузошт. Дар чеҳраи падарам осори андешаи амиқ ҳис карда мешуд. Чейлитко ва ҳамро ҳонаш каме парешонӣ вонамуд мекарданд. Охир, дидам, ки падарам бо тамоми ҷиддият, вале бо он оҳанге, ки одатан ҳангоми худро комилан ғолиб донистан ва тарафи муқобилро дар ҳини шикаст дарёфтан дар ў пайдо мешуд, ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт:
– Рафиқ Чейлитко, ҳоло ки шумо мехоҳед қабри Рўдакиро кушоед ва чеҳраи ўро аз рўи устухони сару рўяш мисли аслаш созонед ва мебинам, ки ба худатон боварии қавӣ ҳам доред, ба як суоли ман ҷавоб диҳед.
Диққати ҳама ба падарам ҷалб шуда буд. Ман ва ҳамаи ҳозирон мунтазири суоли аҷиби падар будем. Ман одати падарамро, ки ҳар каси худписанд ва худдонаму мағрурро танбеҳ медод, хуб медонистам ва дар ҳолате ки аз суоли вай ҳеҷ хабардор набудам, бо як лаззати рўҳафзо нигарон будам, ки ҳамин ҳоло дар пеши назар на ин ки мушак, балки як бомбаи илми мантиқ хоҳад таркид ва Чейлиткоро, ки он гоҳ тарафи муқобили падарам тасаввур мекардам, ба хаёлам, ба хоки хиҷолат ва шармандагӣ яксон тасаввур мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё