Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин роҳ падарам беандоза сахтгир буд. Тамоми ҷустуҷў ва таҳқиқоти ин роҳро, ки ғайр аз ў дигарон ширкат меварзиданд, вай шахсан назорат ва камтарин саҳлгириро бо тамоми қатъият манъ мекард. Ҳеҷ як ноадолатӣ ва рафтори ғайриилмӣ, муҳокимаи берун аз мантиқи илмии амиқ дар масъалаи чигунагии Рўдакӣ ба ҳеҷ кас бахшиданӣ набуд. Зеро номи бузургворонаи устод Рўдакӣ бо таърихи чандинҳазорсолаи мардуми тоҷик, ки дубора зинда шудааст, сахт вобаста буд. Номи устод Рўдакӣ бо ҳазорсола абадиёти мо решабанд буд, номи устод Рўдакӣ бо номи халқи тоҷик ояндаи дарухшон дошт. Ин буд, ки Садриддин Айнӣ ба хотири калону хурд аз майда-чуйдаҳои таҳқиқоти рўдакишиносӣ гузашт намекард. Барои вай дар ин масъала ҳеҷ чизи хурд, ҳеҷ чизи назарногир ва ночиз вуҷуд надошт. Ў шод буд, ки дар ояндаи наздик шояд чеҳраи устод Рўдакиро сохтан имконпазир шавад. Рўзе чунин воқеа рўй дод.
Айёми гармои тобистон буд. Ҳамаи мо, ба ғайр аз падарам, ҳамроҳи модарамон ба боғчаамон кўчида будем, ки вай дар Намозгоҳ ном маҳалли атрофи Самарқанд, дар роҳи Хоҷа Аҳрор воқеъ гардида буд. Падарам мисли ҳамеша дар шаҳр истода кор мекард. Он рўзҳо дар ҳавлиамон ҳамроҳи падарам яке аз хоҳарзодаҳои модарам Абдулҳамид буд, ки вай барои имтиҳоноти таҳсил тайёрӣ медид. Рўзи якшанбе падарам фармуд, ки рўзи сешанбе барои вай ва барои ҳамдарси мадрасагӣ ва дўсти бисёр наздикаш, ки ўро «шарик» мегуфт
– барои домулло Олими Хуҷандӣ аз меваҳои боғчаамон биёрам.
Пагоҳонӣ рўзи сешанбе ангур ва шафтолу чида, ба ду сатилчаи мевачинӣ боэҳтиёт ҷойгир карда, ба бағочдони велосипедам бор кардам. Он рўз, тақрибан баъди як соат, ман ба ҳавлӣ расидам, зеро мувофиқи фармоиши падарам сатилчаи якумро дар роҳ ба ҳавлииДомулло Олим – Муллоамаки Хуҷандӣ бурдам. Он шахс ба қарибӣ ба Самарқанд кўчида буданд ва ин аввалин бор буд, ки ман барои хабар гирифтани ба қавли падарам, амаки ҳақиқиам мерафтам.
Шарики падарам донишманди бедилшиносе буда, табъи шоирӣ ҳам дошт ва ба равияи классикон шеър мегуфт. Вай одами шўх ва мутоябагўй буд. Бо ман падарвор шўхӣ мекард, байтҳо мехонд. Вақте ки сатилчаи меваро холӣ карда овард, ў гуфт:
– Камолҷон, ин байт барои ту, ҳамчун дуои падарон гуфта шуд:

Ё раб, чу Камол сити фазлат
Бар кураи арз мунташир бод!

Ў коғазе гирифта, чанд сатри арабӣ барои падарам навишт, ки дар охир байти болоро низ оварда буд.
Ман шодон ба ҳавлӣ расида омадам. Албатта, азбаски аз роҳи боғот ме омадам, сару либосам мисли велосипедам чангу гардолуд буданд. Худам ҳам аз гармои офтоби тобистон хастагӣ эҳсос мекардам. Дар ин ҳол ман ба хона даромадам, ки дар ҳавлиамон се нафар одами ношинос дар кати пеши меҳмонхонаи тобистонӣ нишаста, бо падарам сўҳбат мекарданд. Баъдтар фаҳмидам, ки яке аз онҳо В.Р.Чейлитко ном бостоншинос ва ду нафари дигар ҳамроҳони вай будаанд, ки аз Сталинобод барои бо падарам маслиҳат кардан омадаанд.

пешина
аз 235
навбатӣ