Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Аммо маълум аст, ки ин нусха мусаввадаи мақола буда, дар тамоми саҳифаҳо, сатрҳо такроран таҳрир ва тасҳеҳ гардида, аз тарафи муаллиф барои покнависии охирин омода карда шудааст, ки дар мусаввадаи баъзе қитъаҳои мақола як варақ замима шудааст, ки дар он мусаввадаи баъзе қисмҳои мақола навишта шуда, таҳрир ва ислоҳ гардидааст.
Дар ин варақ як мактубчаи Айнӣ низ оварда шудааст. Маълум мешавад, ки ин мақоларо вай бо илтимоси шахсони масъул барои ба Эрон фиристодан навишта будааст. Аксари навиштаҳои сафҳаи ёздаҳум бо дасти муаллиф лағв карда шудааст. Вале, агар мо ҳамаи сатрҳои ин мусаввадаро хондан хоҳем, навиштаи Айнӣ пеш аз «имтиҳони»-и Чейлитко ба тарзи зайл будааст:
«Номзади илмҳои таърих ва мудири шўъбаи таърихи Анҷумани Дониши Тоҷикистон рафиқ Ғафурзода кори тафтиши қабри Рўдакиро ба дасти худ гирифт.
Рафиқ Ғафурзода дар ковиш ва тафтиши қабри Рўдакӣ аз осори атиқашиносон рафиқ Чейлиткоро мубошир кард. Рафиқ Чейлитко дар тобистони соли 1940 дар Панҷрўд, дар ҷое, ки «Мазори Уфарӣ» мегуфтанд, ковиш сар кард. Дар ковиши аввалин аз зери хок ба ҷои қабр як хонаи истиқоматӣ баромад, ки дар вай ҳар гуна асбоби хона ва зарфҳои шикастаи сафолин ҳаст.
Аз аломат маълум шуд, ки ин асбоб ва зарфҳо ба асри 15-16 милодӣ оид аст.
Дар зери ин хона боз табақаи хоки маданӣ, яъне хоке, ки аз иморатҳои харобшуда пайдо шудааст, давом мекунад.
Назар ба фикри рафиқ Чейлитко боз дар зертар замин аст. Ў тахмин мекунад, ки қабри Рўдакӣ ва иморатҳои Панҷрўд дар вақти ҳуҷуми Чингизиён хароб шудааст ва баъд аз чанд гоҳ он ҷо аз сари нав обод гардида, иморат ва бино пайдо шудааст. Дар асрҳои 15-16 ба кадом сабабе, ки бошад, дубора боз он ҷо хароб гардидааст.
Дар вақти ободии себора ягон каси таърихшинос аз он ҷой ҷоеро бо номи «Мазори Уфарӣ – Рўдакӣ» муайян карда, нишонаҳои қабр барпо намудааст».
Устод Айнӣ аз навиштаҳои саҳифаи ёздаҳуми дастхати худаш сатрҳои болоро лағв ва сиёҳ кардааст.
Акнун пас аз ибораи «…Чейлитко мубошир аст» навиштаи ҷумлаҳои зеринро лозим донистааст: «Рафиқ Чейлитко ҳоло дар ковиш ва тафтиши он ҷо машғул аст ва ҳар вақт, ки натиҷаи муайяне ба даст дарояд, ба воситаи матбуот эълон карда мешавад».
Орзуи падарам дар бобати кушодани қабри устод Рўдакӣ ва аз рўи устухони сару рўяш ба вуҷуд овардани чеҳраи ў ба сабаби шароити номусоид дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба амал наомад. Фақат пас аз фавти устод Ай нӣ, ба муносибати 1100-солагии устоди сухан комитети ҷашни Рўдакӣ дар назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон он кори бузургро давом дода, барои кофтани қабри шоири бузургвори мо М.М.Герасимовро даъват кард.
Ман он вақт котиби масъули кумитаи ҷашни Рўдакӣ будам, яъне яке аз онҳое, ки дар корҳои амалии ҷашн иштироки ҳаррўза доштам ва аз тафсилот ва ҷузъиёти таҳқиқоти рўдакишиносӣ огоҳ ва воқиф будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё