Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар минтақаҳое, ки шикор баргузор мешавад, чоҳи амиқ канда шавад ва дар таҳи он чоҳҳо шамшеру найзаҳо нишонда, болои онро пўшонанд. Вай ба шоҳ гуфт, ки ба ин васила аз дасти Рустам беташвиш ва ба осонӣ халос хоҳад шуд.
Вақте Рустам ба Кобул расид, шоҳ барои изҳори итоат сару пои бараҳна ўро пешвоз гирифт. Онҳо ба сўи биёбон асбҳоро давонданд, Аммо Рахш ковидани заминҳоро эҳсос карда, пеш рафтан намехост. Рустам ўро зада пеш ронда ва ба яке аз чоҳҳо дарафтод. Ҳарчанд найза ва шамшерҳо ба баданаш халида, аммо ў ҳанўз зинда буд. Вай Шағодро пеш хонда хоҳиш кард, ки ба ў тиру камон бидиҳад, то он гоҳ ки зиндааст, агар гургҳо ба вай ҳамла кунанд, аз худ дифоъ кунад. Шағод ин хоҳиши вайро ба ҷо овард, аммо дарҳол фаҳмид, ки ба ин кор худашро бо дасти худ маҳкум ба марг кардааст. Ў фавран дар паси дарахти тануманде худро пинҳон кард. Аммо Рустам фурсатро аз даст надода, барои охирин бор охирин тирро аз камон андохт ва он тир аз танаи дарахт гузашта, кори Шағодро сохт. Рустам дар ҳамон чоҳ ҳалок гардид ва охирин паҳлавон аз саҳнаи муборизаи ҳаёт нобуд шуда ва давраи қаҳрамонон ба охир мерасад.
Пас аз Гуштосби нофарҷом Баҳман – писари Исфандиёр ба тахти шоҳии Эрон нишаст. Баҳман писаре дошт бо номи Сосон ва ду духтар бо номҳои Ҳумой ва Чеҳрзод. Ҳумой аз ҳамсари худ бордор шуд. Баҳман Ҳумой ва фарзанде, ки дар раҳми ў буд, валиаҳди худ эълом кард ва Сосон ба Нишобур фирор кард ва ҳувияти худро пинҳон мекард. Вай бо духтари яке аз асилзодагон васлат намуд ва аз вай писаре ба дунё омад, ки ўро низ Сосон номиданд. Ин хонавода бо тангдастӣ зиндагӣ мекарданд ва писараш маҷбур шуд, ки барои ҳокими Нишобур чўпонӣ кунад.
Ҳумой писаре зоид, вале аз ишқи салтанат писари навзоди худро дар сандуқе гузошта, ба дарё андохт. Шахсе, ки дар канори дарё ҷомашўӣ мекард, сандуқчаро гирифт ва писаре дар он ёфт, ки ўро Дороб номид ва ба зудӣ аз он ҷо ба шаҳри дигаре кўчид. Вақте ки писар ба ҳадди рушд расид, ҳамаи ҳунарҳои ҷангӣ ва паҳлавониро омўхта, дар лашкаре, ки ба сўи Рум мерафт, вориди хидмат шуд. Дороб дар ин ҷанг ҳунарнамоиҳо нишон дод, ки Ҳумой ўро ба фарзандӣ қабул кард ва ба тахти подшоҳӣ нишонд.
Дороб дар мулки араб Шуайб ва подшоҳи мақдунӣ Файлақус (падари Искандари машҳур) ғолиб шуд дар ин ҷо ҳикояти заношўии духтари Филипп бо номи Ноҳид бо Дороб ва пас равона кардани вай ба назди падар ва ба дунё омадани Искандар ва воқеаҳои марбут ба он меояд.
Сипас номи чанд тан аз силсилаи подшоҳони ашконӣ бурда мешавад.
Аммо ҳеҷ гуна вақоеъ аз онон дар «Шоҳнома» зикр намешавад.
Баъд аз он рўи кор омадани силсилаи подшоҳони Сосонӣ ва вақоеи давраи онҳо дар «Шоҳнома» тасвир мегардад.
Аз подшоҳони давраи аввали Сосонӣ вақоеи чандон муҳимме дар «Шоҳнома» зикр нашудааст. Яке аз онҳо Шопури Зулакноф аст, ки либоси бозаргонӣ пўшида, ба Рум, назди Қайсар меравад. Дар он ҷо вайро шинохта ба зин дон меандозанд ва бинобар набудани шоҳ дар Эрон дар кишвар бесару сомонӣ мешавад. Румиён ба иёлоти сарҳадӣ ҳуҷум оварда, он ҷоҳоро толон ва тороҷ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё