Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рустам ба лаби дарё рафта, дар он ҷо ўрдугоҳи Исфандиёрро дид ва бо даъвати вай ба чодари ў ворид шуд. Мизбон дар ин пазироӣ ба як василае хост, ки Рустамро ранҷонида барангезад. Аввал ин ки барои нишастан ҷои сазоворе нишон надод ва дар бораи падари Рустам – Зол суханони кинояомез гуфт. Паҳлавон ба тамоми ин суханони таҳрикомез ҷавобҳои шоиста дода, ёдовар шуд, ки агар Рустам ва хонадони вай аз тахту тоҷи фармонравоёни Эрон пуштибонӣ ва муҳофизат намекарданд, на падар, на ҷад ва на худи вай бар тахти шоҳии Эрон нишаста метавонистанд. Кўшишҳои паҳлавони куҳансол барои ором кардан ва ба роҳи оштӣ водор кардани шоҳи ҷавон самаре набахшид ва Исфандиёр бар тасмими худ сахт истода буд. Рустам ба афсўси бисёр ба ҷанги тан ба тан ризоят дод.
Ҷанг хеле давом ёфт ва Рустам ба рўинтан, яъне коргар набудани тиру шамшер бар бадани Исфандиёр боварӣ ҳосил кард. Паҳлавони пир чандин захм бардошта, аз тобу тавон рафта буд. Вай дар ин вақт фаро расидани шабро баҳона карда, муторикаи ҷангро то пагоҳ таклиф кард. Исфандиёр розӣ шуд.
Рустами бетобу тавон назди падараш рафта гуфт: Ман дигар бо Исфандиёр ҷангидан наметавонам ва барои халос шудан аз нанги мағлубият якто роҳ ин аст, ки аз торикии шаб истифода карда, ба як ҷое фирор кунам.
Зол Симурғро фаро хонд. Симурғ аввал захмҳои Рустам ва асби ўро марҳам молида, муолиҷа кард. Вай аз воқеа хабардор шуда гуфт: ту чаро бо Исфандиёр дохили ҷанг шудӣ? Охир ў зиреҳи худи Зардуштро пўшидааст. Аз ин ҷиҳат тир ба вай коргар намешавад. Фақат ин ки бо тири душоха, ки аз дарахти газ сохта шавад, чашмони ўро ҳадаф кунӣ ва он дарахт фақат дар соҳилҳои дарёи Чин мерўяд.
Симурғ паҳлавонро бардошта ба назди он дарахт овард ва Рустам аз чўби он дарахт тири душоха сохта, шабона ба ҷои худ баргашт.
Акнун Рустам ба марг маҳкум шудани Исфандиёрро яқин кард. Пеш аз шурўи разм Рустам ба ҳар василае, ки хост паҳлавони ҷавонро аз идомаи ҷанги тан ба тан мунсариф кунад, фоидае набахшид. Исфандиёр ба сухани ў гўш намедод. Дар охир Рустам паҳлавон бонг зада гуфт: ту гувоҳ бош, ки ман хоҳони ин ҷанг набудам! Пас, рўй ба Худо оварда дуо кард ва ду бор онро такрор карда гуфт: ин амалро аз ман бубахш, зеро содир шудани инро ў мехоҳад, на ман ва ин гуноҳ ба ўҳдаи худи вай аст! Баъд вай тири сеҳрангези худро дар камон ҷой карда, ду чашми паҳлавони ҷавонро ҳадаф қарор дода, захми ҳалокатовари худро зада, бар Исфандиёр ғолиб шуд. Аммо бо ин амал худро низ ба марг маҳкум кард, зеро ки Симурғ гуфта буд, ки ҳар кас Исфандиёрро бикушад, марги худаш ногузир аст.
Гуштосб хабари марги писари худро шунида дар дил эҳсоси ризоят кард ва аммо бо ин дасисаи зиште, ки Гуштосб барои нобудии фарзанди худ Исфандиёр ба кор бурда буд ва бо ин ки худи Исфандиёр бо ин дасисаи зишт мувофиқат карда буд, бо вуҷуди ин Рустам розӣ шуд, ки тарбияти писари вай
– Баҳманро ба ўҳдаи худ гирад.
Падари бузурги Рустам – Сом паҳлавон аз канизи худ писаре дошт ба ном Шағод. Вай ба дарбори шоҳи Кобул хидмат мекард, ки ба Рустам тобеъ буд ва боҷ мепардохт. Шоҳи Кобул бисёр орзу дошт, ки аз тобеияти Рустам худро раҳо кунад. Аммо аз тарси ҷон дар ин бора иқдом наметавонист анҷом диҳад.
Шағод дар ин бора чорае андешид ва ба шоҳи Кобул гуфт, ки Рустамро ба шикор даъват кунад ва паҳлавони пир шикорро бисёр дўст дорад, албатта, ў ин даъватро қабул хоҳад кард.

пешина
аз 235
навбатӣ