Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Гуштосп, ки то ин замон ҳувияти худро аз ҳама пинҳон мекард, асрори худро ба Қайсар фош карда ва бо ҳамсари худ ба Эрон раҳсипор гардид.
Лўҳросб тахту тоҷро ба Гуштосб вогузорида худ ба шаҳри Балх рафта, дар маъбади он ҷо гўшанишинӣ ихтиёр кард. Дар ин замон Зардушт зуҳур карда, дини нав овард ва Гуштосб ба вай гаравид. Вақте Арҷосб – фармонравои Тўрон аз ин воқеа огоҳ шуд, ба Эрон лашкар кашид. Дар ин ҷанг Исфандиёр – писари Гуштосб қаҳрамони беҳамто, аз худ ҳунарнамоиҳо нишон дод ва ба сипоҳи Тўрон ғалаба кард. Гуштосб барои тарвиҷи дини Зардушт Исфандиёрро ба кишварҳои гуногун фиристод. Гурозам номе дар ҳаққи Исфандиёр тўҳматҳои норавое ба гўши Гуштосб расонид. Вай насанҷида писари диловари худро ба зиндон афканда, вайро муқайяд кард. Арҷосб аз ин воқеа хабар ёфта, боз ҳам ба Эрон ҳуҷум овард.
(Ин ҷо Фирдавсӣ ин достонро аз қавли Дақиқӣ нақл карда, айнан ҳазор байтро аз вай дар «Шоҳнома» овардааст.) Арҷосб дар Балх Лўҳросби солхўрдаро кушт. Зардушт ҳам бо дасти нобакоре ба қатл расид. Модари Гуштосб аз Балх фирор карда, ин хабарро ба писари худ расонид. Шоҳ дид, ки раҳоии ин кишвар фақат дар қудрати Исфандиёр аст. Ба ин сабаб Исфандиёри аз зиндон озодшуда ба ҷанги Арҷосб фиристода шуд. Вай дар ин сафар диловариҳо нишон дода, Арҷосб ва писари вай Қаҳрамро кушта ба Эрон баргашт.
Гуштосб пеш аз ба ҷанг фиристодани Исфандиёр ба вай ваъда карда буд, ки агар дар ин ҷанг ғолиб шавад ва хоҳарони худро, ки дар дасти душман асиранд, озод кунад, фармонравоиро ба вай вогузор хоҳад кард. Пас аз баргаштани пирўзмандонаи Исфандиёр аз ин сафар иҷрои ваъдаро аз падараш мутолиба мекард. Аммо Гуштосб, ки аз маснади шоҳӣ дастбардор набуд, ҳилае андешид ва ба ин васила боиси нобудии Исфандиёр шуд. Ў гуфт, ки Рустам подшоҳии маро намехоҳад ва умуман моро аз хонаводаи подшоҳон ҳисоб намекунад, ба Исфандиёр ваъда дод, ки агар Рустамро дасту по баста ба ҳузури вай биёрад, тахту тоҷи подшоҳӣ аз они ўст.
Вазири Гуштосб дурўғ ва ҳила будани ин суханро ба Исфандиёр фаҳмонд, аммо суде набахшид. Модари Исфандиёр ҳам ўро аз ин иқдом манъ карда гуфт: падарат пир шудааст ва ба зудӣ тарки ҳаёт карда, маснади шоҳӣ ба ту мерасад. Аммо Исфандиёр ба ин маслиҳат ҳам эътибор накарда, дар ҷавоб гуфт: падарам ба ман фармон дода, ман наметавонам аз фармони ў сарпечӣ кунам ва ба тарафи Сиистон равон шуд.
Чун Исфандиёр ба Сиистон наздик шуд, писари худ Баҳманро назди Рустам фиристод ва фармони Гуштосбро ба василаи ў ба Рустам пайғом дод.
Баҳман аз болои кўҳ дар нишебе Рустамро дар ҳоли шикор дида, хост бо фурў андохтани санги бузурге ўро нобуд кунад. Аммо вақте ки харсанги калон ғелида ба наздики Рустам расид, вай бо як лагадпой онро аз худ дур кард.
Сипас Баҳман ба назди Рустам омад, вай даст ба кори омода кардани ношто буд. Рустам Баҳманро ба сари суфраи худ даъват кард. Баҳман даъвати ўро пазируфта нишаст. Баҳман дид, ки ў фақат тавонист садяки хўроки Рустамро тановул кунад. Рустам паёми Гуштосбро аз Баҳман шунида хандид ва гуфт:
то ҳол ҳеҷ кас Рустамро дар банд надидаст ва нахоҳад дид. Агар ба назди шоҳ рафтан лозим бошад, ин фақат ба ихтиёри худам мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё