Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо Кайхусрав ҷавоб дод, ки баъд аз он ҳама аҳдшиканиҳои Афросиёб бо вай фақат бо забони шамшер гуфтугў хоҳад кард.
Эрониён дар зери қалъа нақб заданд. Бахше аз девори қалъа фурў рехт, сарбозони эронӣ ба қалъа ворид шуданд ва бо толону вайрон кардани он машғул гардиданд. Афросиёб чун вазъро чунин дид, ночор бо дусад тан савор аз як роҳи зеризаминӣ берун омада гурехт. Дастаҳое ҳам, ки аз Чин омада буданд, коре аз пеш набурданд. Афросиёб гурезон худро ба наздикиҳое бурда (Озарбойҷон) ба ғоре расида, дар он ҷо пинҳон шуд. Шахсе бо номи «Хум»
ўро дида шинохт, ки ин ҳамон ҷинояткорест, ки чандест дар ҷустуҷўи вай мебошанд.
Хум дасту пои ўро баста ба ҳузури шоҳ бурданӣ шуд. Аммо Афросиёб дастҳои худро аз банд озод карда, худро ба кўли Чаличаст (дарёчаи Ризоия) андохт. Гударзу Гев, ки дар соҳили муқобил истода буданд, каманд ба гардани ў андохта, вайро ба соҳил кашиданд ва хабари гирифтории Афросиёбро ба шоҳ расонданд. Кайхусрав ба он ҷо расида, дарҳол сари Афросиёбро аз тан ҷудо кард. Баъд аз вай Гарсевазро, ки асир шуда буд, куштанд.
Аз ин ҷо ҷанги чандинсола бо Тўрон тамом мешавад ва дигар аз он тараф эҳтимоли ҳеҷ гуна ҳуҷуму хатаре нест.
Бахши афсонаи (хамосии) «Шоҳнома» тақрибан дар ин ҷо тамом мешавад.
Ва баъд аз он бештар қаҳрамонони таърихӣ ба майдон меоянд.
Кайхусрав ду писар дошт, Зарир ва Гуштосб. Чун Кайхусрав моил набуд Гуштоспро ба валиаҳдии худ таъйин кунад, ў гурехта ба кишвари Рум меравад, дар он ҷо нақдинааш тамом мешавад ва ба сахтӣ меафтад. Вай дар назди кашише ба вазифаи муншигарӣ машғул мешавад, вале аз ин кор натиҷае ҳосили вай намешавад. Сипас пеши оҳангаре шогирд мешавад ва бо як задан путки сандонро мешиканад ва дар анҷом муваффақияте ҳосили вай нашуда, ба пеши кадхудое машғули кор мешавад.
Дар ин вақт Қайсари Рум духтари худ Катоюнро барои интихоби хостгорон иҷоза медиҳад. Катоюн аз байни ҳамаи хостгорон Гуштосбро интихоб мекунад. Қайсар як гадобачаи ғарибро ба домодии худ ор дониста ба қасди куштани Гуштосб баромад. Аммо кашиши бузург ўро аз ин кор манъ кард.
Қайсар бо пазируфтани савобдиди кашиш Катоюн ва шавҳарашро аз даргоҳи худ ронд ва ҳамон кадхудо – арбоби пешин ба онҳо ҷой дод.
Марин ном духтари дувуми Қайсарро хостгорӣ кард. Қайсар мувофиқати худро ба шарти куштани гурги бузурге, ки ҳеҷ кас аз ўҳдаи он барнамеомад, эълом кард. Марин ба таври махфӣ иҷрои ин корро ба Гуштосб вогузор карда, ба издивоҷи духтари Қайсар муваффақ шуд. Хостгори дигаре ба саввумин духтари Қайсар барои куштани мори бузург ба Гуштосб мутавассил шуда, ба муроди худ расид. Пас аз он дар аснои як мусобиқаи тирандозӣ Гуштосб ҳунарнамоиҳо нишон дода, мавриди эҳтироми дарбориён гардид.
Сипас аз табааи Қайсар Илёси Хизр номе аз додани хироҷ сар печида буд.
Қайсар Гуштосбро ба ҷанги вай фиристод. Гуштосб саркашро асир карда ба ҳузури Қайсар овард.
Қайсар аз Лўҳросб – подшоҳи Эрон мутолиби боҷ мекард. Вай писари худ Зарирро барои музокира бо Қайсар ба Рум фиристод. Дар он ҷо Зарир бо Гуштосб мулоқот карда, ба вай итминон дод, ки ў ҳаргиз иддаои тахту тоҷ надорад ва барои ин мақом бародари худ Гуштосбро сазовортар медонад.

пешина
аз 235
навбатӣ