Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Аммо дар бораи К.А.Коссович боз мешавад илова намуд, ки исм ва исми хонаводагии ў Каэтан Андреевич забоншинос ва донишманди забони санскрит, соли 1815 дар остони Витеб мутаваллид шуда, соли 1883 ҷаҳонро падруд гуфтааст. Вай муаллими забони юнонӣ дар дабиристон ва яке аз виросторони маҷмўаҳои илмии китобхонаи миллии Санкт-Петербург буда, устоди забони санскрит ва забони Авасто дар Донишгоҳи он шаҳр низ будааст.
Коссович мутарҷими бахшҳои «Маҳабҳарата», ҳамчунин чаҳор фасли Авасто
13 мебошад.
Аммо барои баррасиҳои эроншиносӣ муҳимтарин амали ў тарҷумаи
4 фасли Авасто буда, «Четыре статьи из Зенд Авесты, с совокуплением транскрипции, русского и латинского переводов, объяснений, критических примечаний, санскрит ского перевода и сравнительного глоссария» ном дошта, соли 1861 аз ҷониби Академияи Улуми имперотурӣ дар Санкт-Петербург интишор дода шудааст. Яъне «Чаҳор фасл аз Занд Авасто, бо замимаи овонависӣ, тарҷумаҳо ба забони русӣ, лотин, тавзеҳот, табсираи интиқодӣ, тарҷумаи санскрит ва тафсири қиёсии вожаҳои куҳан» (глоссарий). (Ин китоб минбаъд ба тарзи «Коссович» зикр мешавад).
Бахши аввали китоб, иборат аз 44 саҳ. дар мавзўи баёни таърихи авастошиносӣ аст. Дар ин бахш сухан аз фаъолияти бомашаққати Анкетил дю Перрон то нашри таҳқиқоти муфассали вай дар соли 1771 иборат аз 3 қисмат рафтааст. Унвони таълифи Анкетил дю Перрон чунин аст:
«Zend-Avesta, Ouvrage Zoroastre, contenant. Les idees theologique, phusique et morales, de ce Legislateur, les ceremonies du culte religieux qu’il a etabli, et plusieur traits importants relatifs a L’ancienne histoire des Perses.
Traduit en Francois sur L’original Zend avec de remarques et accomragne de plusienrs traites a eclaireir. Les matieres qui en sont L’objet par M. Anquetil du Perron» (Коссович, с.7-8).
Бино ба нақли Коссович таҳқиқоти сеҷилдаи Анкетил дю Перрон аз ҷониби алоқамандон ба ду тариқ истиқбол гардида. Мухолифини вай, махсусан Сэр Ҷонс ақида доштанд, ки сабки Занди Анкетил дю Перрон асил нест ва яқинан порсҳои Ҳиндустон, ки аз онҳо матни Зандро вай сабт кардааст, ўро фирефтаанд. Ҷонибдорони Анкетил дю Перрон андешамандони Аврупо (ба ғайр аз англисӣ), ки ба зудӣ ғолиб омаданд, ба асолати таълифоти ин муаллиф далоиле овардаанд (Коссович VI). Ба қавли Коссович Анкетил дю Перрон ғолиб омад ва рафта-рафта асари ўро муаррихин чун манбаи таърихи тамаддуни воқеии Эрони бостон истиқбол намуданд, фалосифа дар он асар нумўҳои тозаи фалсафиро дарёфт намуданд ва акнун ин маводди тоза барои аҳли таҳқиқ дар радифи навиштаҳои мисриён ба гунаи марҷаи мустанад ба кор бурда мешуд (Коссович, 8-9). Баъдан соли 1928 таҳқиқоти авастошиноси Донмаркӣ Раск ба майдон омад:
«Uber das Alter und die Echtihcit der Zend Sprache und des Zend-Avesta».
Кўшишҳои Раск, ки дар ин таълифаш маводди тозаи аз Ҳиндустон овардаи хешро таҳқиқ намуда буд, диққати донишманди ҷавон Эжен Бюрнуфро (баъдан устоди шаҳири College de France) ҷалб намуд. Ва номбурда яке аз дастнависҳои беҳтаринеро, ки Анкетил дю Перрон оварда буд Vendidad sade дар таҳқиқоти хеш асоси кор қарор дода, матни онро бо усули литографӣ (чопи сангӣ) ба табъ расонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё