Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Русия, ки дар кишварҳои Шарқу Ғарб шинохта шудааст, китоби Иосиф Оранский, шогирди бовафои авастошиноси номдор аз Донишгоҳи
6 Санкт-Петербург устод Александр Фрейман аст, ки баъдан дар мавқеи худ тавзеҳ хоҳад ёфт. Аммо дар Русия мақолот ва кутуби марбутаи осори хаттии бостон вижаи кутуби эроншиносии тақрибан 40 соли ахир мешавад лоақал
2 китобро зикр намуд, ки мавзўи кашфи Авасто ва баррасиҳои он ба гунаи хулоса ҷамъбаст шудааст. Ин 2 китоб – яке китоби И.М.Оранский, ки 2 бор ба забони русӣ ва як бор ба форсӣ ба табъ расида (1960-1988) «Муқаддимаи фиқҳул-луғоти эронӣ» (Муқаддимаи эроншиносӣ) ва дигаре китоби дастаҷамъии «Асосҳои забоншиносии эронӣ – забонҳои бостонии эронӣ» (1979) мебошад.
Дар китоби ахир бахши забони Авасто, нусхаҳои Авасто ва таърихи баррасии он мутааллиқ аст ба қалами донишманди хушкор аз Донишгоҳи Санкт-
7 Петербург (Ленинград) зиндаёд Сергей Соколов (1923-1985).
Тибқи хулосаи ин муаллиф дар қарни XIX муҳимтарин баррасиҳои авастоши носии ҷаҳон мутааллиқанд ба хомаи К.Гелднер (1886-1904), ки ко милтарин матни Авасторо интишор дода, Дармстетер (1892-1893), ки тарҷумаи ў бо ҷомеътарин таҳшия замима шуда, Хюбшман (1895), Ҷексон, Гейгер (солҳои 1898-1901). Муал лифи номбурда ба соири донишмандони осори бостонӣ пайравӣ намуда, бузург тарин саҳмгузори муҳаққиқи Авасто дар баррасии
8 забони ин бузургкитоби бостон Х.Бартоломеро (солҳои 1895-1910) медонад.
Гунае ки Сергей Соколов ва соири муҳаққиқин мутазаккир шудаанд, дар қарни ХХ баррасиҳои авастошиносӣ дар ҷаҳони фарҳанги эроншиносӣ ниҳоят рушд ёфта ва ба майдони бузурги ин ришта пас аз Бартоломе иддаи зиёде аз саҳмгузорони баррасиҳои авастошиносиро ёдовар шудан шоиста аст, чунончи:
Райхелт (фаъолияти солҳои 1909-1931), Бенвенист (1929-1934), Дюшен-Гийемен (1936-1962), Хеннинг (1933-1962), Куриловиз (1925), Моргенстерне (1926-1974), Кристенсен (1921-1943), Мейе (1900-1931), Готсон (1914-1923), Хумбах (1959- 1973), Нюберг (1928-1978), Анклесариа, Та вадиа (1956), Гершевич (1954-1970), Хоффман (1958-1971), А.А.Фрейман, В.И. Абаев.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки хулосаҳо ва натиҷагириҳои Сергей Соколов дар таърихи авастошиносӣ мабнист бар таҳқиқоти Дюшен-Гийемен то соли
9 1962, асари Келленс аз соли 1962 то 1972 ва таълифи Шлерат соли 1968.
Ба ин муносибат мо мехостем ба аввалин ва яке аз асоситарин баррасиҳое, ки вижаи Авасто дар Русия анҷом ёфта ва он имрўз китоби мунҳасир ба фард аст, мутааллиқ ба қалами К.Коссович мебошад, таваққуфе намоем.
Дар китоби «Асосҳои забоншиносии эронӣ», ки дар фавқ зикр ёфт, таълифи Коссович – «Четыре статьи из Зенд Авесты» - Чор фасл аз Занд Авасто – фақат дар китобиёти мақолаи Сергей Соколов омада, вале дар матни Баррасии
10 матлаб ҳарфе дар ин боб нарафтааст.
Аммо бояд гуфта шавад, ки дар китоби И.Оранский «Муқаддимаи фиқҳ-ул-луғоти эронӣ» К.А.Коссович ва китоби ў (соли 1861) дар радифи донишмандони забонҳои Эрони бостон ва баррасиҳои авастошиносони Русия Карл Г.Залеман (1880), Е.Э.Бертелс (1935), А.Фрейман (1935) зикр шу-
11 дааст. И.Оранский ҳамчунин ҳаққан овардааст, ки К.Коссович нахустин шахсе буд, ки дар барномаи дарсҳои донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург тадриси забонҳои Эрони бостон ва санскритро ворид намуд (1863).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё