Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо муҳим он аст, ки дар поёни бахши сонии ин китоб «Баргардони суруди саввум аз Готҳои Зардушт» - Ҳоти сӣ аз Ясно» (с.41-100) китобнома ба забони форсӣ ва забонҳои аврупоӣ замима шудааст. Ин китобнома феҳристи осори асосии авастошиносӣ дар Эрон (39 адад) ва Аврупо буда (41 адад) муҳимтарини
4 баррасиҳои ин матлабро ба ғайр аз навиштаҳои донишмандони Русия дорад.
Avesta. Traduction de troisieme hymne de Gathas Haiti 30 de Yasna. Redige par Sasanfar professeur de L’Universite National de I’Iran.
Гурўҳи дигаре аз кутуб ва мақолоти марбут ба Авасто интишоротанд, ки ҳадафи тадрисӣ доранд ва ба вижа 30-40 соли ахир ба табъ расидаанд. Ба ин муносибат аз миёни интишороти мавҷудаи ин ришта ниҳоят муҳим аст ҷилди аввали китоби «Таърихи забони форсӣ»-и устоди фақид Парвиз Нотили Хонларӣ зикр шуда бошад, ки дар он хулосаи фушурдаи дақиқе дар боби забони Авасто омада (чопи дувум, интишороти Бунёди фарҳанги Эрон, Теҳрон, 1349/1970, с.214-219). Аз интишороти авастошиносии ахир ҷо дорад, ки китоби «Даромад бар дастури забони авастоӣ»-ро ба қалами Муҳаммадтақии Рошиди Муҳассил
4 (1985) ёдовар шавем, ки он чи барои муҳассилини риштаи осори хаттии бостон, чи барои муҳаққиқини ин ришта қобили истифода аст. Гунаи дигари навиштаҳо ва интишороти марбут ба забон ва осори хаттии бостон, ба вижа авастошиносӣ дар Эрон, ки теъдодашон нисбатан зиёд ҳам ҳаст, бештар ҳадафҳои таблиғотӣ дошта ҷузъи кутуб ва мақолоти бозорианд.
Ва низ китоби бадеии хондание дар тарғиби фалсафаи Авасто ба унвони «Шаҳри рўшан»-и Зартушт» соли 1370/1991 дар Теҳрон мунташир шуд, мутааллиқ аст ба қалами Ҳусайни Воҳидӣ. Аз силсилаи кутуби тадрисии авастошиносӣ, ки ба забони форсӣ дар Ҳиндустон мунташир шудааст, шоиста аст китоби Рашиди Шоҳимардон ёдовар шуда бошад, ки он китоби омўзиши асосии авастошиносии он минтақа ба шумор меравад. Унвони комили он китоб чунин аст: «Хурда-Авасто» аз рўи дурусттарин номаҳои пешин ва оҳанги аслии Авасто ба порсӣ дароварда шудааст.

пешина
аз 235
навбатӣ