Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Муаллиф таълифи фавқи хешро такмил намуд ва онро бо унвони «Авасто», соли 1984 дар 482 сафҳа нашр намуд: «Авасто» тарҷума, тафсир ва таҳқиқи Ҳошим Разӣ.
Созмони интишороти «Фуруҳар», Теҳрон, 1363. Ин китоб иборат аз 5 бахш аст: Госаҳо, Сурудҳои Зардушт, Ясно, Яштҳо, Виспарад, Хурда-Авасто.
Дар замимаи ин таълифи Ҳошим Разӣ китобнома омадааст, ки мақолот ва навиштаҳои дар боби Авасто ба забони форсӣ ва забонҳои аврупоӣ тадвин ва тасниф шударо дарбар дорад. Аз ин китобнома пайдост, ки таълифоти авастошиносии донишмандони Русия аз сароғоз то имрўз ба дастрасии ин муаллиф қарор нагирифтаанд ва пажўҳишгар аз он таҳқиқоти муҳим огоҳӣ надоштааст.
Ёдовар шудани китобе низ равост, ки бо тамомияти оростагӣ ва пиростагӣ тарҷума шуда, нахуст соли 1980 дар Эрон, сипас соли 1993 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба табъ расида, бо қалами Алиакбари Ҷаъфарӣ бо унвони зайл нигориш ёфтааст: «Гузориш ва баргардони сутуни Яст дорои Готҳо», «Сурудаҳои поки Зартушти Испетамон ва ҳафт Ҳот» ва дигар гуфтаҳои ёрон ба порсии равон аз Алиакбари
3 Ҷаъфарӣ. Чопи Ашто.
Соли 1375 (1996) доктор
Аббоси Сосонфар, устоди пешини Донишгоҳи Миллии Эрон китобе бо унвони «Авасто» (баргардони суруди саввум аз Готҳои Зардушт, Ҳоти сӣ аз Ясно»-ро дар Париж интишор дод, ки он аз ду бахши асосӣ иборат аст. Нахуст, пас аз «Пешкаш» ва «Сароғоз» (с.1- 7) бахши «Пешгуфтор» дар мавзўи «Пешинаи пажўҳишҳои авастоӣ» омада (с.9-39). Дар ин бахши пешгуфтор таърихчаи дақиқи авастошиносӣ дар Аврупо аз Анкетил дю Перрон то Ҷемз Дармстетер баррасӣ шуда, вале ҳарфе аз авастошиносӣ дар Русия вуҷуд надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё