Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва аммо аз асари волои ин муаллиф, «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ба забони аслии форсӣ-тоҷикӣ (Таърихи савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро) ягона нусха ба хатти худаш, ки аз Самарқанд ба Бухоро барои чоп фиристода шуда буд, ҷавоби равшане ба муаллиф дода нашуд; яъне он ки бо тағйири шароит ва эъломи забони туркӣ ба унвони забони давлатӣ ба ҷои забони форсӣ-тоҷикии ин сомон дар зарфи ҳазор сол, дигар асаре ба забони форсӣ-тоҷикӣ чоп нахоҳад шуд. Саранҷом дар посухи тақозо ва талаби устод Айнӣ, ки хостори ин буд, ки нусхаи ягонаи комили қаламии форсии ин асар ба муаллиф баргардонида шавад, ҷавоб дода шуд, ки ин китоб гум шудааст...
Устод Айнӣ аз соли 1920 (бунёди Ҷумҳурии Бухоро) то поёни умр (соли 1954) орзуи пайдо кардани ин нусхаи мунҳасир буд ё мехост агар имконе пайдо шавад, лоақал онро аз рўи мусаввадаҳои худ дубора таҳрир кунад. Ин.барои муаллиф ягона роҳи наҷоти асари гумшудаи худ буд. Вале комилан равшан аст, ки нусхаи мунҳасири аслӣ бо зикри асомии шахсиятҳои воло, ки ҳамагӣ бо сифоти мусбат ва манфии худ фаъолият мекарданд, дар он замони муборизоти фикрӣ ва таҳаввулоти ҳаррўза дар умури маориф ва тарбият ва ахлоқи ҷомеа аҳамияти фавқулоддаи илмӣ, фарҳангӣ, сиёсии муҳимме дошт ва имкон надошт, ки аз байн рафта бошад. Ҳарчанд устод Айнӣ ба ҷиҳати ҳал нашудани ин муаммо (гум шудани нусхаи аслии асари худ) нороҳатии зиёде дошт ва онро яке дигар аз ҳуққабозиҳои мункирон медонист ва ба онҳо лаънат мегуфт, боз ҳам умед дошт, ки он нусхаи аслии асараш ба далели мўҳтавои илмии он гум нашуда бошад ва ба камина, ки ҳамаи корҳои нотамомашро барои оянда ба ман ҳавола мекард, гуфт: солҳо сипарӣ мешаванд ва вазъи мамлакат ҳатман тағйир мекунад; гумон дорам, ки дар яке аз бойгониҳои давлатӣ ё шахсӣ он нусхаи нодир пайдо хоҳад шуд, зеро дар он сарнавишти Бухорои Шарифи чандин ҳазорсола ва мардуми бофарҳангу забони давлатии форсӣ-тоҷикӣ, бо умри беш аз ҳазорсолааш баён шудааст ва боз идома дод: дар Бухоро ду хонавода буданд аз пайравони барномаи ҷадид ва аз таҷаддудхоҳони давлатӣ дар кишвар, ки аз ҷониби мутаассибон ба қатл расиданд. Инҳо дўстони ман буданд ва фарзандони навҷавони онҳо бо кўшиши ман дар ҳайати муҳассилони бухороӣ ба Олмон рафтанд ва пас аз таҳсил ба Бухоро баргашта, бо давлат ҳамкорӣ доштанд ва он се писар ба ҷиҳати донистани забони модарӣ (форсӣтоҷикӣ), туркӣ ва забони русӣ ва олмонӣ дар бойгониҳои вижаи Бухоро, Тошканд, Маскав адои вазифа мекунанд. Падарам фармуд: дар ёд дошта бош, ки замони муносиб, ки фаро расид, аз тариқи инҳо метавонӣ нусхаи нодири маро пайгирӣ кунӣ. Агар то ба ҳол ин нусха пайдо мешуд, онро ба унвони китоби панҷуми «Ёддоштҳо»-ям, ки дар чаҳор ҷилд борҳо чоп шудааст, эълон мекардам ва агар ту онро ба даст овардӣ, ин васияти маро дар ёд дошта бош.
«Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» китоби панҷуми «Ёддоштҳо» хоҳад
2 буд.
Солҳо сипарӣ шуд ва замони фурўпошии давлати абарқудрати Шўравӣ фаро расид. Масъулони кишвари Русия тибқи тақозои замон шеваи коргузории идоротро тағйир доданд, аз ҷумла дарвозаҳои оҳанини бойгониҳои давлат низ нисбатан нимбозу нимяла шуд. Нахустин коре, ки камина пайгирӣ кард, ҷустани нусхаи аслии форсии «Инқилоби фикрии Бухоро» бо хатти муаллиф буд.

пешина
аз 235
навбатӣ