Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

китоБе, ки ҳафтод сол зиндонӣ Буд

Адиби бузурги тоҷик, устоди зиндаёд Муҳаммад Шариф Садри Зиё, ки сарвари маънавии ҳавзаи адабии равшанзамирон дар шаҳри Бухорои Шариф, пеш аз инқилоби Октябр буд, дар асари пурарзиши хеш – «Рўзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё» дар бораи Садриддин Айнӣ чунин сатрҳои самимонаи ҷонгудоз нигоштааст:
«Бародари мўҳтарамам Садриддинхоҷаи Ғиждувонии Айнӣ тахаллусро, ки назман ва насран аввал Амирхонд ва сонӣ Саъдии Шерозӣ ва дар ҳадди зоташ ранҷур ва касалманд буд, аз мадрасаи Кўкалтош ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмона ва бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво ҳафтоду панҷ чўб таъзир карданд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки «обхона» меномиданд, ба ҳамон ҳол андохтанд».
Чунон ки дар китоби тозапайдои устод Садриддин Айнӣ – «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро ё таърихи савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро»
омадааст, муаллифи маҷрўҳ ва соири зиндониёнро асокири рус аз маҳбаси ба қавли муаллиф (Айнӣ), «Канахона» дар нўҳуми апрели 1917 озод ва раҳо карда, ба бемористони шаҳри Когон – Бухорои Нав – барои табобат ва раҳоӣ аз марги беамон овардаанд. Яке аз дўстони Садриддин Айнӣ – Мирзо Назрулло, ки дар он замони пурошўб аз равшанфикрони миллат буд ва низ ба ҳамон ҷазои сахти аморат, яъне ҳафтоду панҷ тозиёнаи ваҳшиёна таъзир шуда буд, дар бемористони шаҳри Когон дидагонашро барбаст ва ин ҷаҳони нопойдорро падруд гуфт. Дар он бемористон Садриддин Айниро панҷоҳу ду руз табобат карданд ва дар натиҷаи бисту панҷ амали ҷарроҳӣ, ба амри Худованд аз марги беамон раҳоӣ ёфт.
Устод Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки дар шаҳри Когон, дар хастахона (бемористон), вақте ки вазъам бисёр бад буд ва беҳолу барҷомонда будам, байти зер вирди забонам буд ва қалбу вуҷудамро озод намегузошт:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

Бояд гуфт, ки он ғами нозпарвари устод ҳамоно ғаму андўҳи миллат, ҷабру ситам бар фарҳанги тоҷикон буд. Устод Садриддин Айнӣ чи қабл аз Инқилоби Октябр ва чи пас аз он дар корҳо ва фаъолияти хеш ҳамеша дар набард алайҳи ситам бар фарҳанги миллат будааст. Нахустин асарҳои мансури ин нависанда ва пажўҳишгар, ки дар шаҳри Бухоро, ки ба қавли маъруф, маркази ислому дин дар оғози қарни бист буд, таълиф шудаанд, ба шарҳи зер аст:

  1. Таҳзиб-ус-сибён (Самарқанд, 1328/1909) 2. Тартил-ул-Қуръон (Оренбург, чопхонаи ҷаридаи «Вақт», 1909) 3. Заруриёти диния (Самарқанд, 1332/1914).
    Дар саҳифаи охири «Заруриёти диния» ҳадафи асосии чанд китоби тозанигориш ба гунаи зер баён шудааст: «Тартил-ул-Қуръон» ба масобаи рисолаи таҷвиди форсӣ; «Таҳзиб-ус-сибён» барои саводи форсӣ; «Заруриёти диния»
    барои эътиқодот ва амалиёти форсӣ; «Роҳбари хат» барои ҳусни хатти таълиқ»; дафтари аввал; «Роҳбари хат» барои ҳусни хатти таълиқ, дафтари дувум.
пешина
аз 235
навбатӣ