Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Толори пур аз меҳмонон ва масъулини Самарқандро ғулғулаи пурҷўш фаро гирифт.
Ин суоли Президент Э.Ш.Раҳмонов ва ҷавоби Президент И.А.Каримов ниҳоят муҳим буд, зеро дар зарфи ҳафтод соли шўравӣ касе чунин суолро расман эълон намекард ва агар ҳарфе ба миён ояд, гуфта мешуд: «Чӣ фарқ дорад ин ҳар ду халқ – ўзбекону тоҷикон яканд, бародар ҳастанд».
Толорро яке садои кафкўбиҳо фаро гирифт. Дар чеҳраи баъзе аз меҳмонон тааҷҷуб ва ҳайрат рух мезад. Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳамдигарро ба оғўш гирифтанд.
Пасон Президенти Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба забони русӣ сухани хешро идома дода гуфтанд: – Акнун ман мехоҳам ба забони модариам, ба забони форсии тоҷикӣ, ба забони Самарқандам гап занам. Тарҷумонон ба гўши сарварони ҷумҳуриҳо гуфтаҳои Э.Ш.Раҳмоновро тарҷума мекарданд.
Ва боз:
Дар Осиёи Марказӣ дар ҳамаи давру замон, ҳатто баъди шикасти Сомо ниён, забони давлатӣ, забони фарҳанг, забони муоширати давлатҳо форсии тоҷикӣ буд. Ва Самарқанд ин шаҳри тоҷикон (ҳамчунин Бухоро) аз қадимулайём маркази тамаддун ва дорои забони фасеҳи форсии тоҷикӣ буда, бо тамоми давлатҳои ин минтақа бо ин забон муоширати расмӣ дошт. Гузашта аз ин ки забони волои форсии тоҷикӣ дар ин шаҳрҳо мақоми волои фарҳангӣ ва давлатӣ дошта буд ин ки марказҳо марказҳои тамаддун буда, ба бисёр кишварҳои ховарзамин тамаддун ва фарҳанги бобаракати хешро бахшидаанд.
Яъне дар тамоми тўли таърих шаҳрҳои бузург барои дигарон тамаддунофарин буда, шукўҳи бобаракати воло бахшидаанд.
Э.Ш.Раҳмонов андешаи хешро идома дода чунин изҳори ақида намуданд:
– Дар давоми таърих тоҷикон ҳеҷ гоҳ бо шамшер ҳуҷум накардаанд, марзу замини дигаронро забт накардаанд. Вале тоҷикон дар таърихи хеш ба авзои ҳузновар ва ба кушторҳо гирифтор шудаанд. Ва ҳамеша, вақте барои тоҷикон фалак каҷрафторӣ кунад, ин халқ ба гузаштагони хеш такя мекунад, ба фарҳанги хеш ва бузургони миллати хеш – донишмандон, сиёсатмадорон, сўфию мазҳабиён, нобиғаҳои гузаштазамон. Ва пайваста наҷот меёбад, рушд мекунад. Ин қарн ҳам зиштиҳо, беадолатиҳо, таассубҳои миллатгароӣ ба халқи мо ҳамл гардид ва барои халқи мо сахт ногувориҳо пеш омад…
Мо нахуст ба ҷаноби Президент И.А.Каримов ва ҳамаи Президентоне, ки ҳозир ҳастанд ва моро низ ба ин ҷаласаи муҳим даъват намуданд, ташаккур мегўем ва изҳори бародарӣ намуда, барои ҳамкориҳои дўстонаи беғаразона омодагии хешро эълон медорем. Сарнавишти халқи тоҷик – сарнавишти ҳамаи мардуми Осиёи Марказӣ аст. Имрўз низ мо ба бузургони хеш ва ба шумо такя мекунем, ба Хоҷа Аҳрори Валӣ, ба ҳазрати Баҳовуддини Балогардон, ба Мирсаидалии Ҳамадонӣ, ба Шайхурраис Абўалӣ Сино ва рўҳи Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ. Шубҳае нест, ки мо ҷўё ва ҷонибдор ва тарғибгари сулҳ ва амонӣ ҳастем. Боз ба рўзҳои нек ва беҳтар хоҳем расид, зеро мояи ҳар миллат – фарҳанги ў, забони модарии ў, ақлу фаросат ва тафаккури миллии он аст. Ман хушбахт ҳастам, ки имрўз имкон шуд, ки ба забони модариам
– форсии тоҷикӣ, ки дар ҷаҳон бештар аз 80 миллион нафар сухан мегўянд, ақида ва назари хешро барои шумо, азизон, баён намудам. Ман бовар дорам, ки бародар ва дўсти ман Ислом Абдуғаниевич Каримов низ ҳамаи гапҳои маро бисёр нағз фаҳмиданд. Ташаккур ва дуруд бар шумо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё