Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар толор ҳозирин кам-кам тановул мекарданд ва ҳарчанд ҳама нигоҳҳояшон ба ҷаноби Демирел баста шуда буд, эҳсос карда мешуд, ки аксар туркии усмониро намедонанд ва ба турконӣ сухан воқиф нестанд (албатта ба ғайр аз чанд нафари масъулини кормандони вазоратхонаҳои марбута).
Ниҳоят Президент Демирел сухани хешро ба поён расонид. Пас аз кафкўбиҳои табиӣ Президент Ислом Каримов ба забони русӣ чунин изҳор намуданд: – Азбаски ҳозирин забони ўзбекиро медонанд ва ин забон бо туркии усмонӣ аз як хонавода аст, тарҷумаи ҳарфҳои нотиқи мўҳтарам лозим нест. Суханони меҳмони олиқадрро ҳама фаҳмид, фикр мекунам, – гуфт ў, – ки ҳарфҳои муҳимми ҷаноби Демирелро ҳозирин фаҳмиданд ва ба гумонам ҳатто дўсти мо Эмомалӣ Раҳмонов низ фаҳмиданд.
Лаҳзаи сукут. Ва пас мавҷи истиқболи поёни сухани раис фаро гирифт.
Назари ҳама ба чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонов дўхта шуд. Дидам, ки эшон эҳсоси хешро зоҳир нанамуда, танҳо абрўвонашон каме такон хўрд.
Баъди чанд нафар, пас аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аксар Акаев навбати сухан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дода шуд.
Эшон бо тамоми шоистагии хеш паси минбари ҷаласа омада бо чеҳраи тобон ва кушод баёнияи худро оғоз намуданд. Ва гуфтанд: – Бо арзи ташаккурот ба ҷаноби Президент Ислом Абдуғаниевич Каримов барои даъват аз ин ҳама пазироӣ ва меҳрубониҳо сухани хешро мехоҳам ба забони русӣ оғоз намуда пасон ба забони модарии хеш – форсии тоҷикӣ изҳори андеша хоҳам кард.
Бахши русии сухани Президенти Тоҷикистон дар мавзўи вохўрии Президентҳо дар Алма-Ато чанд сол қабл буд, дар мавзўи ҳамкориҳо ва ҳифзи кишварҳо, вазъи Афғонистон ва хатарҳои ногаҳонии эҳтимолие рафт. Ва боз эшон ишора намуданд, ки дарвозаи Тоҷикистон дарвозаи Ўзбекистон ва дарвозаи Тошканд ва ҷумҳуриҳои дигар аст ва ба сарнавишти кулли Осиёи Марказӣ диққат ва таваҷҷўҳи хоса ниҳоят муҳим аст ва ғайра.
Пас ба Президент И.А.Каримов хитоб намуда, Президент Э.Ш.Раҳмонов сухани хешро ба забони русӣ идома дода изҳор намуданд: – Ҷаноби Ислом Абдуғаниевич, акнун мехостам, ки ҳазрати Олӣ ба як суоли камина ҷавоби ошкоро диҳед, бидуни дипломатия ва Вазорати корҳои хориҷӣ. Суол ин аст,
– гуфтанд Э.Ш.Раҳмонов ба русӣ. – Мехостам назари шуморо дониста бошам, ки аҳолии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро тоҷиканд ё ўзбек?
Бо ин суол толорро оромии комил фаро гирифт, вале як ҳолати интизории ҷавоби сарвари Ўзбекистон комилан возеҳ буд.
Суханони Президент Э.Ш.Раҳмоновро барои Президент Демирел ва дигарон тарҷума мекарданд.
Президент И.А.Каримов аз ҷои хеш бархоста собитқадамона ба сўи минбар омада дақиқае сукут карданд. Ин сукут тамоми толорро низ фаро гирифт. Ва дар ҳолатҳое, ки дасти хешро ба сина гузошта буданд, бо табассум ва чеҳраи дурахшон ба забони русӣ гуфтанд:
– Агар мардона аз рўи ҳақиқат ва виҷдон изҳори андеша кунам, бояд бигўям, ки аҳолии шаҳрҳо тоҷиканд, ноҳияҳо ўзбек!
Ин дам ногаҳон аз толор садои баланд шунида шуд: – «Ноҳияҳои дур ўзбеканд».

пешина
аз 235
навбатӣ