Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба навбат моро ба донишкадаи илоҳиёти Донишгоҳи Анқара бурданд. Сарпарасти (декани) ин донишкада устод Ҳайронӣ Алтинташ бо ҳамкоронаш пазируфт. Ин шахс муаллифи чандин китоб ва аз ҷумла шарҳи метафизикаи Ибни Сино мутаалиқ ба қалами ўст (Анкара, 1997). Вохўрии мо дар донишкадаи илоҳиёт ба ин ҷиҳат буд, ки кулли омўзиши масоили тасаввуф, аз ҷумла мавлавишиносӣ, дар доираи баррасиҳои ин муассиса будааст. Устод Алтинташ ва соири устодоне, ки дар сўҳбат ширкат доштанд, бо рағбат диққат намуда, ба пешниҳодҳои барномарезии мо дар боби Мавлоно, осори ў ва мавқеи вай дар фарҳанги исломии Шарқу Ғарб ҳавасмандии хешро баён мекарданд. Пасон ба дастгоҳи Раиси Ҷумҳурии Туркия равон шудем. Ба ҷиҳати дар Анқара набудани ҷаноби Демирел, раиси дастгоҳи Президенти Туркия моро пазируфт. Вай дархостҳои моро сабт намуда, хушҳолии давлаташро аз иқдоми неки мо эълом дошт. Рўзи дигар моро бо як мошини хушсалиқа ба ҷониби Қуния роҳнамун намуданд, ки то он шаҳри барои мо ва барои ҳама азизу муқаддас тақрибан чаҳор соат масофаро тай намудем. Баъди тановули кабоби мавлавӣ, ки ҳамин кабоби танўрии Бухорову ҳамаи тоҷикон аст ва онро кабоби шоҳӣ ҳам меноманд, ҷониби Музеи Мавлоно — оромгоҳи муқаддаси ин бузургвор шитофтем.
Баъди 30 соли зиёрати ин маъбади воло онро боз ҳам бошукўҳтар дарёфт намудам. Зеро майдону роҳҳои атрофи он сохтмонро васеътар ва фарохтар кардаанд.
Чунин вазъи вижа аст, ки баробари ворид шудан ба маъбад худро ночиз мепиндорӣ, шарманда ва шармсор мебинӣ, ки эй инсон, ту куҷоӣ, ки як бузургвори миллатат ин ҷост ва туркони усмонӣ, ки забони ўро намедонанд, вале ба ақидаи ў пайрави мушфиқ ва беқароранд, бузургии туро ба ин андоза шукўҳу манзалат, эҳтирому икром бахшидаанд. Воқеан ҳамин тавр аст: бинои бошукўҳ, оростагӣ ва пиростагии куллӣ, зебу зинати деворҳо, ки ба ашъор ба забони форсӣ ва сураҳои Қуръони Маҷид ба забони арабӣ нигошта шуда. Дар қафасаҳои булўрин пўшокҳои марбут ба Мавлоно, Шамсӣ Табрезӣ, Султон Валад ва сарварони муридони Мавлоно, нусхаҳои куҳани осори Мавлоно ва нусхаи куҳани Қуръони Маҷид ба намоиш гузошта шудааст. Аммо оташафрўзтар аз ҳама турбати Мавлоно, Султон Валад ва баъзе дигарон, ҳамчунин турбати сарварони муридони ин сўфии ҷаҳоншумул. Бузургсанге, ки барои Мавлоно гузошта шуда ва сангҳои рўи қабри дигарон дар ин ҷо ба сурати гаҳвораи миллии мо тарошида шуда, музаян гардидаанд ва дар як тарафи он сангҳо кулоҳҳо сохта шуданд ба сабки кулоҳи мавлавӣ – кулоҳи хеле дарозе, ки аз болои арақчин мепўшанд ва низ саллаи (аммомаи) босалиқаи калон.
Ҳама ҷо қитъаҳои шеърии форсӣ, қуръонӣ, фиқраҳо аз гуфтаҳои Мавлоно ва дар васфи эшон гуфтаҳои муридон ва пайравон. Чунон базеб, баҷо ва муносиб, ки гирд-гирд мегардӣ, вале барои тарки ин хилватгоҳи ошўбовар ва дур шудан аз ин ибодатгоҳ маҷоле надорӣ. Ва рафта-рафта гумон меравад, ки ҳар фарди ҳозирро ба истилоҳ «арақи инфиол», яъне шармсорӣ ва хиҷолат фаро мегирад. Баъд ба ҳол меоӣ ва мешунавӣ, ки найи Мавлавӣ садо медиҳад, садои ҳалим, нафири нафис. Ва он най гўё ба мо мегўяд:

пешина
аз 235
навбатӣ