Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Такроран бо дархости эшон 2 сентябри соли 1998 нақшаи барномаи баёншуда эълом шуд ва ниҳоят айни матлаб 2 декабри соли 1998 дар номае ба унвони Президенти Туркия ҷаноби Сулаймон Демирел бо имзои камина ирсол гардид.
Ҳадафи асосӣ зиёрати турбати ҳазрати Мавлоно дар Куния, ошно шудан бо китобхонаи асосии он сомон, вазъи коргузорӣ дар баррасиҳои мавлоношиносӣ, мубодилаи назар бо масъулини марказҳои асосии нусхашиносии Туркия, вохўрӣ бо донишмандон, бахусус, мулоқот бо Раиси маркази баррасиҳои фарҳанги исломӣ, дўсти дерин, ҷаноби Акмалиддин Эҳсоноглу, ошно шудан бо наққошиҳои осори хаттии форсу тоҷик ба мақсади таҳия ва тадвини як маҷ мўаи «Миниатюраҳо бар осори адабии форс-тоҷик аз китобхона ва ганҷинаҳои Туркия» буд.
Азбаски кори ояндаи мо бо мероси хаттӣ хоҳад буд, дар номаам пешниҳод намуда будам, ки Ҷўрабек Назрӣ ба унвони Раиси Пажўҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттӣ дар ҳайат ҳатман буда бошад. Ба ин ҷиҳат мо се нафар — камина, М.М. Ашрафӣ ва Ҷўрабек Назрӣ — аз номи мақомоти давлатии Туркия бо мақсади баёншуда ва барои иҷрои барномаи писандомада даъват шудем. Ба ин се нафар шахси чаҳорум Қурбон Сатторовро (муовини раиси ҷамъияти дўстии Тоҷикистон бо Туркия) илова намуданд. Ва мо, дар натиҷа, аз 8 декабр то 14 декабри соли 1998 дар сафар будем. Хатти сафари мо чунин буд: Душанбе – Трапзон – Анқара – Куния – Анқара – Истанбул – Трапзон – Душанбе.
Ман дар чигунагии шаҳрҳо ва васфи онҳо ҳарфе намезанам, зеро ин матлаб суханро ба дарозо хоҳад кашид. Вале инсофан ба гунаи куллӣ бояд гуфт, ки шаҳрҳои Туркия хело обод, зебо ва қашанг…
Дар сароғоз бояд таъкид намоям, ки сафари мо дар сатҳи бисёр боло созмон дода шуд.
Дар Трапзон моро гурўҳе пешвоз гирифтанд бо сардории марди меҳрубон, ки бо вай ба зудӣ эҳсоси дўстӣ пайдо кардем, ҷаноби Озер Ҷағлаям, раиси бахши интишорот ва иттилооти Волии Трапзон.
Гурўҳи 10 нафарии истиқболкунанда аз рўзноманигорон ва шахсони масъули вилоят ва ғайра иборат буданд.
Ҷолибтарин қитъаи ин вилоят шаҳри комилан нав, зебо ва замонавӣ бо тамоми маънои ин вожа — шаҳри Трапзон бо обидиҳои куҳан, ки дар бунё даш яке аз кўҳнатарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, бо Осорхона — қасри бошукўҳ ва зебои Мустафо Камол-пошшо Отатурк, бунёдгари Ҷумҳурии Туркия ва набардгари роҳи истиқлолу рушди ин кишвар аст. Дар ин шаҳр ҳамчунин Осорхонаи ҳунарҳои дастӣ ва фарҳанги миллӣ ва кишваршиносӣ ҳаст ва мешавад гуфт, ки вай оинаи рўзгори вилоят дар гузашта ва имрўзи мамлакаташ мебошад, ки бо тамоми салиқаи хуш созмон дода шудааст.
9 декабри соли 1998 мо бо ҳавопаймои Туркия ба пойтахти ин мамлакат
– шаҳри Анқара расидем. Моро намояндаи маркази иттилот ва интишороти давлатӣ истиқбол намуд ва пас аз дар меҳмонхона ҷойгир шудан фаврӣ ба маркази фарҳанги исломии ҷумҳурӣ раҳнамун сохт. Ин марказ, ки «Диёнат ишлари бишканлари» ном дорад, як созмони назарияи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ ва тасаввуфу фалсафаи мазҳаби мубин анҷом медиҳад. Ва он тибқи суннатҳо ба сиёсати давлатӣ дахл намекунад. Ин марказ ба барномаи мавлавишиносии мо таваҷҷўҳи вижа зоҳир намуд ва пас аз сўҳбати тўлонӣ сарвари он Меҳмет Нурӣ Чилмаз, ки шахси форсидон ҳам аст, ба рои ҳамкориҳои интишоротӣ дар мавзўи тамаддуни исломӣ, аз ҷумла мав лоношиносӣ омодагии хешро эълом дошт ва хоҳиш намуд, ки баъдан барномаи равшан ва амиқамонро омода сохта бифиристем.

пешина
аз 235
навбатӣ