Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вазъ чунин буд, ки сарони кишварҳо дар маркази намоишгоҳ рост истода нақли роҳнаморо гўш мекарданд, мо бо Раиси Академияи улум Ўлмас Мирсаидович ва бисёр дигарон дуртар аз он гурўҳи давлатӣ истода, гуфтугўҳо ва суолу ҷавобҳоро гўш мекардем.
Чунин шуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов мавқеи муносибро ёфта, моро ба назди хеш даъват карда, ба ҳайати сарони кишварҳо муаррифӣ намуданд. Ҳангоме ки моро муаррифӣ мекарданд, аз китобҳоям ва пора асарҳоям, ки дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб интишор шудаанд, аз интихоб шуданам ба мартабаи Раиси Анҷумани «Пайванд»
— созмони иҷроияи Анҷуман ва Конгресси тоҷикони ҷаҳон, ҳамзабонон ва ҳаммеҳанони бурунмарзӣ ҳарф зада, илова намуданд, ки боз муҳимм он аст, ки парчами фарҳангии падари миллати мо — устод Садриддин Айнӣ ба зиммаи ин шахс вогузор аст. Бо шунидани исми Садриддин Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ба ман наздик шуд, дасташро ба китфи камина гузошт ва ба забони русӣ, вале бо лаҳну талаффузи хоси озарбойҷониҳо гуфт:
— Марҳамат карда гўед, тақрибан 30 сол қабл аз ин аз Тоҷикистон ҷавонмарде ба Боку омада конгресси моро ба туркӣ табрик гуфта буд, Шумо он шахсро мешиносед?
— О заман бан ва сиз ганҷ олмушух (Он замон ман ва Шумо ҷавон будем).
Ҳайдар Алиев хушҳол шуд. Президенти Туркия Сулаймон Демерил бо шунидани ҷавоби камина як қадам пеш омад ва ба туркии усмонӣ суол кард:
— Туркча англиёрсиниз? (Туркӣ мефаҳмед?).
Гуфтам: — Ҳеб (яъне, «Оре»).
Пас ба туркӣ ба ман гуфт: — Ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон хуб пеш намеравад, чӣ бояд кард?
Бо ишораи Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов камина маҷбур будам, ҳарфе занам, ки барои тарафайн — ду кишвар қобили қабул ва ҷолиб бошад. Арз кардам:
— Дар ҳузури сарварони бузурги кишварҳо ҷасорат мекунам ва ба ин суоли муҳим чунин посух мегўям. Дар кишвари бузурги Шумо, ҷаноби Президент, дар шаҳри Кунияи Туркия ҷасади ҳазрати Ҷалолиддини Румӣ мадфун аст.
— Яъне Мавлоно?
— Оре, - ҷавоб додам. Ва боз: — Мавлоно Ҷалолиддин ифтихори Туркия аст ва мо миннатдор ҳастем, ки ба эшон дар кишвари Шумо таваҷҷўҳи вижае зоҳир мешавад. Эшонро фақат «Мавлоно» яъне «Ҳоҷаи мо» меноманд. Мавлонои Румӣ, Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, зеро ин шаҳри шариф зодгоҳи вай аст. Вале ў «Балхии Вахшӣ» ҳам ҳаст, зеро гузаштагони он ҳазрат аз Вахши Тоҷикистон будаанд, ки ин матлабро бузургтарин муҳаққиқи Мавлоно устоди зиндаёд Бадеуззамон Фурўзонфар, ки бештар аз 20 китоб дар бораи Мавлоно ба нашр расонидаанд, собит намудаанд.
Дар овони кўдакии Ҷалолиддин падари эшон Баҳоуддин Валад, фақеҳи машҳур аз тарси ҳуҷуми Хоразмшоҳ бо хешовандони зиёди хеш ба Нишопур меравад ва ба зиёрати Шайх Аттор мушарраф мегардад. Шайх Аттор ба Ҷалолиддин таваҷҷўҳ менамояд.
Гунае, ки устоди зиндаёд Бадеуззамон Фурўзонфар нигоштаанд: «Ба гуфтаи Давлатшоҳи Самарқандӣ Шайх Аттор худ ба дидани Мавлоно Баҳоуддин омад ва дар он вақт Мавлоно Ҷалолиддин кўчак буд. Шайх Аттор китоби

пешина
аз 235
навбатӣ