Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳуҷуми гиряи моро саБаБ маПурс
Сафари Туркия ва зиёрати ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддин
(Аз силсилаи интишороти шинохти тоҷикони ҷаҳон)

Аз замони сафари нахустини камина ба кишвари Туркия 30 сол сипарӣ шуд ва акнун соли 1998 бо хости Худованд як сафари дигаре ба он кишвар
— сафари дувумин ба амал омад.
Соли 1996 Ҷумҳурии Ўзбекистон хост, ки ба Амир Темури Курагонӣ шукўҳ бахшад ва солгарди вайро ҷашн бигирад. Ба ин муносибат сарвари он ҷумҳурӣ Ислом Абдуғаниевич Каримов ҳамаи Президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ва ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирел ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро чанд рўз қабл аз маросими расмии Темур барои 2 рўз ба ҷумҳурии хеш ба унвони дидорбинӣ ва мубодилаи афкор ба меҳмонӣ даъват кард. Табиист, ки ҳамаи сарони кишварҳои номбурда бо ҳайатҳои хеш рўзи 21 октябри соли 1996 озими шаҳри Тошканд шуданд. Аз Тоҷикистон илова бар ашхоси расмии давлатӣ, аз аҳли фарҳанг ва илм 2 нафар — Раиси Академияи улум Ўлмас Мирсаидович Мирсаидов ва каминаро ба ин ҳайат ҳамроҳ намуданд. Рўзи нахуст, тибқи барномаи расмӣ, зимни диду боздидҳо ва сўҳбатҳо ва пазироиҳо моро ба Осорхонаи навбунёди «Тамаддуни Темуриён» оварданд. Инсофан бояд гуфт, ки осорхона воқеан бошукўҳ ва бо салиқаи баланд аз сангҳои мармарии асил ва оинакориҳои тирнопазир сохта шудааст. Дар намоишгоҳ низ маводди муҳимми асил ва асноди ҷолиби замони Темуриён гуозшта шуда, ки дар зарфи 70-80 соли Шўравӣ ба Тошканд, ба он бузургшаҳри ҷумҳурӣ гирд оварда шудааст. Чизи ниҳоят ҷолиб он буд, ки «Тузукоти темурӣ», ки мансуб ба Темур медонанд, аз форсии тоҷикӣ ба забони ўзбекӣ гардонида шудааст.
Ба назари ҳайатҳо чунин менамуд, ки матлаб ба хост ва салиқаи созмондиҳандагони масъули он намоишгоҳ вобаста аст…
Рўзи дуввуми меҳмонӣ (22 октябри соли 1996) моро бо ҳавопаймои вижа ба Самарқанд, ба он шаҳри зебои фарҳангофарин ба «Сайқали рўи замин»
оварданд. Барномаи боздиди мо чунин буд, ки ободониҳои нави шаҳрро тамошо кунем, пайкараи амири нерўмандро бубинем, ки дар наздикии Гўри Мир ва атрофи ободшудаи он, дар саргаҳи Булвари зебо насб кардаанд.
Намоишгоҳи ҳунарҳои дастии Самарқандро дар мадрасаи бошукўҳи Улуғбек тамошо кунем. Пасон дар вохўрии расмии сарони кишварҳо, дар гуфтугўи ошкорои онҳо бо ширкати кулли ҳайатҳо ҳозир бошем. Ҳама ҷолиб буд, зеро ба баҳонаи ин маросим Самарқанд хуб ороста, таъмир ва хиёбонҳову кўю кўчаҳояш низ обод гардида буд.
Бояд гуфт, ки ба вижа минтақаи марказии куҳани шаҳр аз Булвар то Регистон ва мадрасаи Бибихонум, роҳи фурудгоҳ ва Расадхонаи Улуғбек ва Боғи Баланд ба худ ҷилои тоза ва зебои шоиста гирифта буд…
Намоишгоҳи ҳунарҳои асили дастии Самарқанд ҷолиб буд, ки ҳунарҳои гуногун ва волои кулли Осиёи Марказиро ба сифати яке аз бузургтарин маркази фарҳангии чандинҳазорсолаи ин минтақа дар бар дошт. Кулли осори намоишгоҳ, ки аз қадим боқӣ мондаанд, аз сару либос ва пўшокҳои гуногуни суннатӣ ва сўзанӣ, кашида, то шамшерҳову абзори аспу ароба ва каҷова ва ҷулҳои махмалии куҳан ва бофтаи пашмин, дастгоҳҳои китобатӣ, лавҳ ва ғайра.
Ин осор агар асил буда бошанд, аксар катибаи форсии тоҷикӣ доштаанд ва аз ҳақиқати таърих шаҳодат дода, чун ҳуҷҷати мустанад гўё буданд. Раҳнамои намоишгоҳ як бонуи базеб ба русӣ шарҳ медод ва гуфтаҳояш ба англисӣ низ тарҷума мешуд.

пешина
аз 235
навбатӣ