Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бахше аз осори солҳои 20-30, 36-38 нависанда – чи назм, чи насру таҳқиқот – на танҳо дар архиви нависанда мавҷуд набуд (баъзе дастнависҳои муаллиф дар шароити мухталиф аз байн рафта буданд), балки, гоҳо, нусхаҳои чопӣ ва ё хаттии онҳоро дар китобхонаҳои шаҳрҳои Осиёи Миёна пайдо кардан имконнопазир буд. Таҳияи илмии навиштаҳои солҳои гуногун барои чоп, тавзеҳи номҳо, воқеаҳои таърихӣ, луғат ва ибораҳо, ишораҳо ва ғайра ҷустуҷўҳои зиёд, баррасии архивҳо ва китобхонаҳои давлатӣ ва ҳатто архивҳои шахсони алоҳида, мутолиа ва таҳқиқи дар муддати солҳои дарозро тақозо мекарданд. Бидуни анҷом додан ва бидуни иҷро кардани ин амал, таҳияи илмии куллиётро нафақат мабнӣ бар пояи илмӣ гузоштан имконнопазир мегардид, балки аз эҳтимол дур набуд, ки рафта-рафта баъзе камбудиҳои ҷузъии корамон ба нуқсонҳои ҷиддӣ мубаддал гарданд.
Яке аз ҷилдҳои мураккабтарини куллиёт ҷилди 12 ба шумор меравад, ки он луғати нимтафсилии тоҷикии устод Айниро дарбар мегирад. Таҳияи илмии он ҷилд, монанди ҷилди таълифоти рўзноманигории куллиёт (ҷилди 9) ва ҷилди назм (ҷилди 8) ҷустуҷўи илмӣ ва баррасии дақиқи чандинсолаи махсусро талаб намуд.
Солҳои 1954-1956 дар байни дастхатҳои архиви шахсии Айнӣ як бастаи қисми мусаввадаҳои устод аз корҳое, ки дар зарфи солҳои зиёд барои таълифи луғати тоҷикӣ анҷом дода буд, пайдо шуд. Дар натиҷаи ҷустуҷў ва кофтукови архивҳои дигар ошкор гардид, ки нусхаи аслии дастнависи луғат, ки соли 1938 ба Нашриёти давлатии Тоҷикистон супурда шуда буд, аз байн рафта, баргҳои (варақаҳои) бо нусхаи аслӣ татбиқ ва тасҳеҳшудаи он низ, ки ҳамон вақт барои тақриз ва таҳрир ба профессор Е.Э.Бертелс ба шаҳри Ленинград фиристода шуда буд, аз архиви вай гум шудааст. Вале, хушбахтона бахши асосии нусхаи дувуми баргҳо (варақаҳо) ба алифбои лотинии тоҷикӣ гузаронида шудаи луғати устод Айнӣ дар ҳолати тасҳеҳ ва таҳрир нашуда ва бо асли дастхати муаллиф муқоиса нагардида дар архиви луғатсозони Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи улуми Тоҷикистон пайдо шуд, ки аз солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Бо ин ҳама яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ҳамеша дар пеши назар доштем – ҳаҷми воқеии луғат ва ба чӣ андоза пурра боқӣ мондани вайро аз рўи ин баргҳои лотинии тоҷикӣ низ дақиқан равшан кардан номумкин буд, ҳарчанд бояд гуфт, ки ин варақҳо яқинан аксари луғатро ташкил медиҳанд…
Дар бораи ҳаҷми ҳақиқии луғат худи муаллиф дар китоби «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» соли 1949 чунин нигошта: «Аз соли 1936 то соли 1938 як луғати забони адабии тоҷикро тайёр кардам, ки 15000 луғат дорад» (ниг.
Куллиёт, ҷилди 1, саҳ.99). Вале дар мактуби 2 июли соли 1938 ба номи раиси Нашриёти Давлатии Тоҷикистон фиристодааш дар бораи луғат чунин навишта буд:
«Кори асосии луғат, июли ҳамин сол тамом шуд, ҳамагӣ 629 саҳифа (бо саҳифаҳои иловагӣ), тақрибан 11400 луғат ҷамъ гардид, аз ин луғатҳо тахминан
50 фоизаш луғатҳоест, ки дар китобҳои луғати кўҳна ҳаст ва 50 фоизи дигараш халқӣ буда, баъзеяш дар адабиёт даромада бошад ҳам, то имрўз дар ягон китоби луғат ҷамъ нагардидааст.

пешина
аз 235
навбатӣ