Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
куллиёт ва сарнавишти луҒатномаи айнӣ Пас аз фавти устод Садриддин Айнӣ масъалаи нашри куллиёти осори ў ба миён омад ва ба ин ҷиҳат аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори вижа эълон гардид. Ба мақсади дар бар гирифтани ҳамаи навиштаҳои Садриддин Айнӣ дар кори таҳияи куллиёт, ҳамчунин барои дар сатҳи илми имрўза қарор додани ин фаъолият лозим омад, ки дар навбати аввал архиви фаровони нависанда аз ҳамин нуқтаи назар баррасӣ гардад. Он гоҳ дар зарфи 2 сол, архиви Садриддин Айнӣ бодиққат омўхта шуд. Баррасии маводди мавҷуда аз осори хеле бузурги нависанда масъалаи тағйир додани тарҳи аввалаи куллиётро тақозо намуд: тибқи нақшаи аввал мебоист, ки куллиёти Айнӣ дар
10 ҷилд чоп шавад. Акнун баррасии архиви устод Айнӣ ҳамон нуктаро собит кард, ки агар куллиёт аз 10 ҷилд иборат буда бошад, мо бояд як роҳро пеш гирем, яъне фақат бахши таълифотро ба тарзи мунтахаби осори нависанда дар
10 ҷилд гунҷоиш диҳем ва бо ҳамин нашри осори Айниро то замони дигар хотима диҳем. Дар он сурат мо роҳи соддатарини иҷрои қарори давлатро пеш гирифтем, ки албатта, тибқи мақсад ва ҳадафи бузург буда наметавонад.
Барои ҳамин, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Президиуми АФ РСС Тоҷикистон ва ҳайати таҳририяи куллиёти устод Айнӣ тарҳи тозаеро писандид, яъне осори бунёнгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин Президенти Академияи улуми Тоҷикистонро на дар 10 китоб, балки пурра, тақрибан дар понздаҳ ҷилд ва агар лозим ояд, бо ҷилдҳо ва қисмҳои иловагӣ таҳия гардад, бар мабно ва дар асоси сабку қонунҳои риштаи матншиносии замон, яъне дар асоси манобеъ ва дастхатҳои мўътамади муаллиф таҳия гардида, дар сатҳи болоӣ қарор гирифта бошад. Ин буд, ки дар куллиёти Садриддин Айнӣ баробари роман, қисса, осори илмии ў ҷилдҳое ҳастанд, метавон гуфт, бори нахуст ба дастрас қарор мегиранд. Зеро як силсила мақолаҳои муҳимми устод Айнӣ дар солҳои 20-30 дар маҷалла ва рўзномаҳои тоҷикӣ бо имзоҳои мустаор интишор ёфта буданд ва ҳоло нахустин бор бо номи Садриддин Айнӣ чоп мешаванд. Масалан, як силсила навиштаҳои ў бо имзоҳои «С.М.», «К.С.», «С.Х.», «С», «Х», «Қ.А.», «С.Қ.», «С.А.» дар маҷаллаи тоҷикии «Шўълаи инқилоб» ба табъ расидаанд, ки дар асоси қайдҳои худи нависанда дар ҷилди 9 куллиёт гирд оварда шуд ва дарҷ гардид.
Дар бораи тартиби куллиёт боз илова намудан мехоҳем, ки ба мақсади осонтар гардонидани роҳи истифода аз ҷилдҳо ба ғайр аз принсипи замони иншои онҳо боз ҷиҳати мавзўъҳои асосии таълифоти Садриддин Айнӣ низ ба назар гирифта шудааст. Ба ҳамин сабаб метавон гуфт, ки ҳамаи самараи рўзноманигории форсию тоҷикии Садриддин Айнӣ (ба ғайр аз мақолаҳои маҷаллаи «Оина», ки барои ҷилди охир гирд оварда шуд), сарфи назар аз санаи таълифи он мақолаҳо дар як китоб мураттаб гардид. Ва ё ҷилди 10, сарфи назар аз замони навишта шудан ва иншо гардиданашон, ҳамаи таълифоти марбут ба таърихро дарбар гирифтааст, ҷилди 11 – осори адабиётшиносӣ ва забоншиносии устод Айнӣ бошад, ба сабаби ниҳоят зиёд буданашон ба 2 қисм (китоби 1 ва 2) ҷудо карда шуд…
Аз мушкилоти тартиб додан ва таҳияи илмии ҷилдҳои алоҳида ба тарзи умумӣ бояд гуфт, ки вай вобаста ба масъалаи ба даст даровардани як бахши маводди марбут ба осори Айнӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё