Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо гунае, ки Аҳмадалии Риҷоӣ собит намуда, дар «Таърихи Байҳақӣ»
«хайрият» омада, на «хайрат»: «ҳадиси Бўсаҳл тамом шуд ва хайрият буд, ки
32 мард намегузошт, ки салоҳӣ пайдо ояд».
Вожаи «хайрият» имрўз дар порсии дарии тоҷикӣ маъмул аст ва маънои
33 хубӣ, некӣ (хуб, нағз) дорад.
Яке аз вожаҳое, ки имрўз дар байни тоҷикон маъмул аст, вожаи «хавоза»
мебошад ва маънои он чўббандие аст, ки барои токи ангур месозанд. Баҳс дар атрофи ин вожа, чи дар мавриди истеъмоли он, чи дар талаффузи он миёни нигоштаҳои устод Саид Нафисӣ, Муҷтабо Минавӣ, ки ин вожаро арабӣ дониста ва талаффузи онро «ҳаввоз» пешниҳод намудаанд ва устод Аҳмадалии Риҷоӣ муаллифи охирро ба чунин хулоса оварда: «Мурод аз нақли шавоҳиди мазбур танҳо намоёндани ин нукта буд, ки вуқуф ба лаҳҷаи бухороӣ то чӣ ҳад метавонад ба ҳалли мушкилоти мутуни форсӣ кўмак кунад» (Лаҳҷаи бухороӣ, с.15-20).
Дар фарҳанги форсии устод Муҳаммад Муин ин вожа ба чанд гуна эзоҳ ёфтааст, аз ҷумла: «чўббанд, ки барои ҷашну чароғонӣ созанд, тоқи нус-
34 рат».
Устод Парвиз Нотили Хонларӣ навиштаанд:
«Китобҳое, ки аз адабиёти Тоҷикистон ба хатти навпазируфтаи лотин тоза ба Эрон расида, дархўри таваҷҷўҳ бисёр аст… Мутолиаи ин кутуб барои касоне, ки ба забон ва адабиёти форсӣ дилбастагӣ доранд, аз чанд ҷиҳат судманд аст: нахуст он ки забони форсӣ-тоҷикӣ яке аз лаҳҷаҳои фасеҳи форсӣ аст, ки бо забони форсии адабӣ беш аз лаҳҷаҳои дигар қаробат дорад ва бисёре аз луғоти фасеҳ ва ширини форсиро, ки назди мо фаромўш шуда, дар ин кутуб метавон ёфт ва аз ин роҳ ба таҳзиб ва тавсиаи забони форсӣ кўмак метавон кард. Фоидаи дигар – огаҳӣ аз хасоиси лаҳҷаи форсии тоҷик аз ҳайси сохт, иборот ва ҷумал ва чигунагии истеъмоли афъоли васфӣ ва ҷузъии инҳост.
Аз ин ҳар ду муҳимтар он ки чун ин кутуб ба алифбои мувассал ва мўъраби лотин навишта шуда, аз рўи онҳо ба талаффузи саҳеҳи бисёре аз луғоти форсӣ, ки ба сабаби нудрати истеъмол дар забони имрўзи мо ва нақси фарҳангҳои форсӣ тарзи талаффузи онҳо мавриди шак аст, метавон пай бурд ва ё дасти кам аз чигунагии талаффузи ин калимот дар лаҳҷаи тоҷикӣ огоҳ шуд ва ҳамаи нуқот барои ёфтани қавоид дар дастури забон ва иштиқоқи луғот ва илми
35 талаффузи форсӣ бисёр судманд аст».
36 Устоди зиндаёд Маликушшуаро Баҳор дар китоби «Сабкшиносӣ» дар бораи аҳамияти лаҳҷаҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр, яъне лаҳҷаҳои забони порсии дарии тоҷикӣ чунин нигоштаанд:
«Дар забони дарӣ ва паҳлавӣ ва ҳамчунин Авесто ва форсии қадим дақоиқу латоифе аст, ки марбут ба тарзи такаллум ва ихтисосоти лаҳҷавӣ будааст… ҳамин ҳукмро дорад забони дарӣ, ки ҳанўз ба сурати зинда аст, чӣ мо дуруст намедонем, ки Фирдавсӣ ашъори худро чӣ гуна мехондааст ва агар ҳам аз рўи қавоиди илми луғат қисматеро бидонем, ба тамоми ҷузъ-ҷузъи он қавоид ошно нестем – маазолик ба ҳамроҳии оҳангҳои шеърӣ ва ба қаринаи лаҳҷаҳои маҳаллӣ то андозае метавонем ба ҳақоиқе ошно шавем ва ҳар гоҳ ҷамъе дар лаҳҷаҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр дақиқ шаванд ва чанде заҳмат бикашанд, шояд ин маълумот афзун шавад, зеро ҳанўз осори лаҳҷаи қадим дар Хуросон ва Туркистон аз миён нарафтааст».
Матлаби дигари муҳим ин аст, ки агар ба вазъи забони форсӣ дар Эрон ва Варорўд нигоҳи куллӣ бияфганем, хоҳем дид, ки забони форсӣ имрўз дар он кишвар забони давлатии умумӣ аст.

пешина
аз 235
навбатӣ