Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
316-463) унвони «Намудоре аз луғоти мутадовил дар Бухоро» дорад.
Дар ин бахш ҳам шеваи мардуми он диёр возеҳ гардида ва ҳамчунин иртиботи бархе аз вожаҳо, иборот ва истилоҳоти хоси он бо кутуби хаттии қарнҳои миёна баррасӣ шудааст. Хулосаи муаллиф чунин аст, ки барои дақиқан дарк намудани забони асили порсӣ донистани ин шева ва вижагиҳои аз қадим ҳифзшудаи он ҳатмист.
Дар воқеъ, агар мо ба баъзе аз мутуни интиқодии форсӣ, ки дар кишварҳои гуногун ба табъ расиданд, руҷўъ бинамоем, хоҳем дид, ки баъзан иштибоҳот ва лағзишҳое дида мешаванд, ки дар натиҷаи ворид набудан ба захоири луғавии порсии варорўдӣ, яъне порсии дарии тоҷикӣ рух додаанд.
Соли 1321 (1942) марҳум ҷаноби оқои Муҳаммадалии Фурўғӣ ва оқои доктор Ғанӣ китоби «Рубоиёти Умари Хайём»-ро интишор доданд. Дар мақолаи муфассали он рубоии зайл омада:
Моҳи рамазон бирафту шаввол омад,
Ҳангоми нишоту айшу қаввол омад.
Омад гаҳи он ки хикҳо андар дўш.
Гўянд, ки пўшт-пўшт ҳаммол омад.
Муҳаммадалии Фурўғӣ дар муқаддимаи хеш дар ин боб навишта: «Ин қисм рубоиро мардуд хондем аз он рў, ки лафзу маъниш ракик аст». Ба посухи ин ақида устод Аҳмадалии Риҷоии Бухороӣ гуфтааст:
«… дар маънии он ракокате надидам ва ба ин натиҷа расидам, ки он бу зург ворон ба сабаби ошно набудан бо истилоҳи «пўшт-пўшт» ракик пиндоштанд».
Дар воқеъ, ин вожа ба сурати «пўшт-пўшт» имрўз ҳам дар порсии дарии тоҷикӣ маъмул аст ба маънои «хабардор бош», ки ҳаммол, ароба меояд. (Лаҳҷаи бухороӣ, с.33).
Пас мешавад гуфт, ки барои пажўҳиши матншиносӣ ва дарки маънои аслии мутун, ҳалли мушкилоти адабӣ илова бар ҳама, донистани одоб ва
30 русуми омма ниҳоят муҳим ва зарур мебошад.
Ба нақли Аҳмадалии Риҷоии Бухороӣ устод Фурўзонфар Бадеуззамон дар тавзеҳи калимаи «форидан» иштибоҳ доранд.
Дар тавзеҳи ин калима барои «Фиҳи мо фиҳи» эшон навиштаанд:
«Нафорид», чунин аст дар ҳар се нусха… ва маънои он муълум нашуд».
Устод Фурўзонфар дар ин бора боз нигоштаанд: «Мутобиқи ҳадси дўсти фозил оқои дуктур Муҳаммад Муин ин калима (яъне форидан) мубаддали «воридан»… (ниг. Лаҳҷаи бухороӣ, с.8-10).
Вале вожаи «форидан» «хушоянд будан». Ва ибораи «… он оташ ўро нафорид» аз «Фиҳи мо фиҳи» комилан равшан аст, яъне «он оташ ўро хушоянд набуд».
Дар «Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро» омада — «форидан»:
31 1. Ҳаловат бахшидан: Оби гарм мефорад.
Доктор Файз дар тавзеҳи калимаи «хайрият», ки дар «Таърихи Байҳақӣ»
омадааст, навиштаанд:
«Дар ҳамаи нусхаҳо чунин аст ва маълум аст, ки калимаи «хайрият» луғати фасеҳ нест, шояд «хайрат» бошад, ки луғатест фасеҳ ва дар насрҳои қадим ҳам дида шудааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё