Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вожаи «пагаҳ» дар Фарҳанги Нафисӣ фақат ба маънои аслии пагоҳ ва субҳ омадааст. Алиакбари Нафисӣ дар ҳамон ҷо вожаи «пагоҳ»-ро ба маънои
20 саҳар, субҳи зуд оварда, «пагаҳтар»-ро субҳи бисёр зуд тавзеҳ додааст.
Аз Хайём (чопи Фурўғӣ, с.47, Лаҳҷаи бухороӣ, с.345)
21 Эй писари хирадманд пагаҳтар бархез Боз чанд мисол дар бораи вожаи «пагаҳ» (=пагоҳ):
Аз Мавлавӣ:
Аз пагаҳ имрўз чӣ хуш маҷлисест, Он санаму фитнаи фаттонаро (Остони Шамс, Лаҳҷаи бухороӣ, с.345) Аз «Асрор-ут-тавҳид»:
Бомдоди пагоҳ ба Меҳна расидам… (Лаҳҷаи бухороӣ, с.345) Аз Девони Баҳор:
Ҳол аз ин гуна буд шаб ҳама шаб, То ба ҳангоми бомдоди пагоҳ.
(Баҳор, девон, 424, Лаҳҷаи бухороӣ, с.345) Имрўз дар байни тоҷикон вожаҳои «пишак» ва «гурба» ба кор бурда мешавад. Вожаи «пишак+пишик+пушак» бар хилофи шубҳаи Риҷоӣ имрўз собит шудааст, ки баромади суғдӣ дорад (на туркӣ). Ба шаҳодати Аҳмадалии Риҷоӣ, Шаҳиди Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Мунҷик онро дар шеъри хеш ба
22 кор бурдаанд (Лаҳҷаи бухороӣ, с.347) Ибораи «куштани шамъ ва оташ» ба маънои «хомўш кардани шамъ ва оташ», ки имрўз дар байни тоҷикон роиҷ аст, дар «Таърихи Бухоро» ва «Гулистон» ва «Тайибот»-и Саъдӣ омадааст:

  1. «Порае оташ биҷаст ва масҷиди Моҳ даргирифт ва тамом бисўхт ва ду шабонарўз месўхт ва аҳли Бухоро дар он оҷиз шуданд ва бисёр ранҷ диданд, то рўзи саввум бикуштанд». (Таърихи Бухоро с.113, Лаҳҷаи бухороӣ, с.428) 2. «Чун гаронӣ ба пеши шамъ ояд, Хезу андар миёни ҷамъ бикуш.
    В-ар шакархандаест ширинлаб,
    Остинаш бигиру шамъ бикуш.
    (Куллиёти Саъдӣ, чопи Фурўғӣ, 1320, с.91, Лаҳҷаи бухороӣ, с.427) 3. Шамъро бояд аз ин хона бадар бурдану куштан, то ба ҳамсоя нагўяд, ки ту дар хонаи моӣ». (Гулистони Саъдӣ, Куллиёт, чопи Фурўғӣ, с.550, Лаҳҷаи бухороӣ, с.345) Ибораи «кор фармудан»-и форсии тоҷикӣ ба маънои «ба кор бурдан», дар асари пешиниён дида шудааст (ниг. Таърихи Сиистон, с.145, 291; Рисолаи Ишқии Абўалӣ Сино, с.16-17; Лаҳҷаи бухороӣ, с.419) Ба ин муносибат ҷой дорад ба Луғатномаи Садриддин Айнӣ низ руҷўъ бикунем, ки онро «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷикӣ»
    23 (1938) номидааст.
    Дар ин Луғатнома бархе аз вожаҳои нодир, ки дар ҳеҷ китобе сабт нашудаанд низ омадааст, ки аз захоири луғавии порсии Варорўд, яъне порсии дарии тоҷикӣ ба шумор мераванд. Муаллиф дар ин боб чунин нигоштааст: «Ва инчунин як қисм луғатҳоеро ғун кардам, ки онҳо дар хазинаи забони зиндаи имрўзаи тоҷик буда, то ба ҳол ба ҷое ғун нагардида ва дар навиштаҷоте кор
    24 фармуда нашудаанд, ё ин ки бисёр кам кор фармуда шудаанд».
    Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (зодгоҳаш ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон) бештари умри хешро дар ҳамин минтақа – Балху Марв ба сар бурда, зодаи баъдинаи фарҳанги Сомониён, дар осори хеш вожаҳо ва ибороти касири он маҳалҳоро ба кор бурдааст.
пешина
аз 235
навбатӣ