Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳим он аст, ки ин луғатнома, ки бо кўшиши гурўҳи калони тоҷику эроншиносони Тоҷикистон, Самарқанд, Бухоро ва Маскаву Ленинград ва заҳмати фидокоронаи М.Шакурӣ дар тўли солиёни дароз тадвин ва таҳия гардида, вожа ва ибороти лафзии осори хаттии қарнҳои Х-ХХ-ро дорост. Ногуфта намонад, ки фишҳои (баргҳои) чопношудаи луғатномаи Садриддин Айнӣ (аз соли 1938), ки поёнтар зикраш хоҳад омад, ба тасдиқи адиби зиндаёд Абдусаломи Деҳотӣ, низ дар ин 2-ҷилда ва фарҳангҳои
18 дигар ба гунаи фаровон истифода шудааст. Лозим ба таъкид аст, ки дар ин луғатномаи 2-ҷилда бисёр вожа, ибороти лафзӣ, масалҳои вижаи порсии варорўдии тоҷикӣ ба унвони шоҳид сабт гардида. Ва агар имконе фароҳам оварда шавад ва ин луғатномаи 2-ҷилда ва луғатномаи Садриддин Айнӣ ба хатти ниёгони порсии дарӣ баргардонда интишор дода шавад, дар он сурат бисёр аз луғати наводири тоҷиконро аз қарнҳои Х то ХХ дар ихтиёри ҳамагон гузоштан мумкин мегардад. Ва ба ин муносибат, бояд гуфт, навиштаҷоти чанде аз адибони муҳаққиқи эронӣ ин матлабро хуш ва равшан тасдиқ мекунад. Ҳар гоҳ муҳаққиқини замон ба луғат ва осори хатти варорўдӣ руҷўъ мекунанд, дар тавзеҳот ва луғатнависиҳо шубҳаҳо доранд ва баъзан ҳатто он муҳаққиқи баландпоя побанди иштибоҳот мегардад.
Ва возеҳ аст, ки агар захираи луғавии кулли марокизи форсии ҷаҳон ва ё лоақал минтақаҳои бункада – офарини чӣ Эрон ва чӣ Варорўд баррасӣ шуда бошад, дар тавзеҳоти бархе аз мутуни интиқодӣ шояд лағзишҳои ноқобил роҳ намеёфт. Ин як ҷиҳати матлаб, яъне баррасии мутуни хаттии Мовароуннаҳрӣ барои интиқоди осори гузаштагон аҳамият ва арзиши хосаеро дорост. Ва дувум, вобаста ба аввал, ҳамчунин донистани вижагиҳои порсии Мовароуннаҳрӣ, яъне порсии тоҷикӣ дар ин минтақа дар амал будани бархе аз луғатро намоиш медиҳад, ки дар Эрон ба ҷои онҳо ё вожаҳои арабӣ, туркӣ ва ё муродифи дигари он вожа ба кор бурда мешавад. Ин маънои пўшида нест ва аз баррасии осори бузургон аз Рўдакӣ ва Фирдавсӣ ва Авфӣ, Ҷалолиддин Балхии Румӣ ва Умари Хайём, Аҳмади Ҷом, Абдураҳмони Ҷомӣ ва бисёр дигарон хуш равшан ва возеҳ аст.
Масалан, агар мо ба китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои устодон Маликушшуаро Баҳор, Садриддин Айнӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Парвизи Хонларӣ, Аҳмади Риҷоии Бухороӣ, Маҳдии Муҳаққиқ, Алии Равоқӣ ва дигарон руҷўъ бикунем, дар ҳар кадоми онҳо шавоҳиди лозим барои ин иддао метавонем пайдо бикунем.
Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и хеш аз Фа-
19 ридуддини ал-Котиб рубоие оварда:

Бо дил, ки зи сўзи ҳарза ҳолаш табаҳ аст,
Рўзаш чу шаб аз ғояти савдо сияҳ аст,
Гуфтам, ки расам ба васли ў ё нарасам
Гуфто, ки ҳанўз то қиёмат пагаҳ аст.

Ин ҷо вожаи «пагаҳ» ҷолиб аст ба маънои «барвақт». Яъне «зуд», ки имрўз дар форсии тоҷикӣ маъмул аст. Ин вожаро Зайниддин Маҳмуди Восифӣ низ ба кор бурдааст.

пешина
аз 235
навбатӣ