Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин навишта муаллиф андешаҳо ва хотироти худро дар бораи чанде аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон – Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Жолио Кюрӣ, Роҷенто Прасад ва ғайра сабт кардааст. Дар ин радиф вай аз муосирони худ дар боби шахсиятҳои маъруфи Иттиҳоди Шўравӣ – И.В.Сталин, М.И.Калинин, А.И.Микоян ва Садриддин Айнӣ андеша ронда, сухан мекунад. Дар бораи Садриддин Айнӣ муаллиф чунин сатрҳоро низ нигоштааст, ки андешаҳои тозаву нав дорад: «Ду сафар аз роҳи Хуросон нахуст ба Ҷумҳурии Туркманистон ва сипас ба Ҷумҳурии Ўзбекистон, бори аввал барои ширкат дар маросими 20-солагии он ҷумҳурӣ ва бори дувум барои ширкат дар маросими 500-солагии валодати Алишер Навоӣ рафтам. Дар ҳар ду сафар аз ошноӣ ва мусоҳабат бо донишманди маъруфи тоҷик марҳум Садриддин Айнӣ бархурдор шудам. Ин мард аз бузургони диёри худ буд. Дар роҳи озодӣ ва истиқлол ранҷ бурда ва зиндон кашида ва шиканҷа дида буд.
Қаде мутавассит ва бештар кўтоҳ, ҷуссаи зариф ва борик, сурати кашидаи лоғар, чашмони дурушт, бинии паҳн, лабони кулуфт, чонаи барҷаста, мўҳои ҷав-гандумӣ дошт. Ҳамеша либоси махсуси тоҷикон ва ўзбекон, яъне лаббодаи баланди остинкушоди дорои роҳ-роҳи рангоранг мепўшид ва шаб кулоҳи қуллобдўзӣ кардаи сафеду сиёҳ бар сар мегузошт ва чакмаи соқанозук ба по дошт. Ҳатто сар то пои ў мазҳари тоҷикони он сўи марзи Эрон буд. Форсиро ба ҳамон лаҳҷаи тоҷикон, аммо китобӣ ҳарф мезад ва ба ҳамин ҷиҳат фаҳми он дар бархўрди аввал барои эрониён осонтар буд. Дар сафари дувум чанд тан аз удабои Афғонистон ҳам даъват доштанд ва бо мо ҳамманзил буданд ва ба ин васила буд, ки донистани бисёре аз истилоҳоти хоси забони тоҷиконро афғонҳои фарсизабон ҳам, ки аз ҳамон нажоди тоҷиканд, доранд. Се сол пеш, ки барои ширкат дар конгресси ховаршиносон дар Маскав меҳмони Академии улуми Шўравӣ будам, Садриддин Айнӣ аз ин ҷаҳон рафта буд ва ҳама кас ҷои вайро тиҳӣ медид. Писараш Камолиддин Айнӣ кам-кам ҷои падарро хоҳад гирифт ва аз ҳоло навиди он рўзро медиҳад.
Пас аз поёни конгресси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, маро ба сарзамини худ даъват карданд.
Дар ҳамон рўзи аввал ба сари хоки Садриддин Айнӣ дар боғи умумӣ ва парки зебои шаҳр, ки тоза омода шудааст, рафтам. Бар сари хокаш бинои бисёр зебое, ки муаррифи услуби меъмории муштарики миёни мо ва милали Осиёи Марказист, сохтанд ва муҷассамаи ўро низ таҳия медиданд, ки пас аз итмом бар сари хокаш бигузоранд».
Донишманд ва адиби дигари эронӣ Алиасғари Ҳикмат соли 1948 дар ҷашни 500-солагии Алишери Навоӣ бо Садриддин Айнӣ ошно шуд. Вай пас аз баргаштанаш ба ватани худ – Эрон дар Анҷумани равобити фарҳангии Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ дар мавзўи «Ҷашни понсадсолагии Алишер Навоӣ дар Тошканд» суханронӣ кард ва онро ба сурати мақола дар маҷаллаи
10 анҷуман «Паёми нав» интишор дод».
Алиасғари Ҳикмат дар ин суханронӣ ва мақола таассуроти хешро аз вохўрӣ бо Садриддин Айнӣ баён кардааст.
«Дар пазироӣ, – мегўяд ў, – … чандин нутқ ба забони форсӣ эрод гардид, ки яке аз он ҷумла аз тарафи оқои Усмон Юсупов буд, ки шахси бисёр бузург
11 ва муҳимми Ўзбекистон аст ва дар сиёсат шаън ва мақоме олӣ дорад».
Пас аз ин Алиасғари Ҳикмат дар бораи Садриддин Айнӣ навиштааст:
«Ва ҳамчунин нутқи фасеҳ ва пурмағзе оғои Садриддин Айнӣ, донишманд ва нависандаи тоҷик, эрод кард, ки бисёр ҷолиб буд. Ин адиб ва фозил дар

пешина
аз 235
навбатӣ