Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ба ин ҷашни бошукўҳ чанд нафар аз адибони кишварҳои хориҷии ҳамҷавор низ даъват шуда буданд, ки
9 дар он ҳайат устод Саид Нафисӣ низ буд.
Баъдтар ў дар ин хусус навиштааст:
«Солҳо сипарӣ шуд ва рўзе давлати Ўзбекистон аз ман даъват намуд, ки дар бистумин солгарди мавҷудияти ҷумҳурӣ ширкат кунам. Дар аввали рўзи иқоматам дар Тошканд ман бо чеҳрае, ки тамоми ин муддат дар орзуи дидораш будам, бархўрд кардам. Ин инсон бо қади мутавассит ва симои илҳомбахш ва чашмоне нуронӣ маро мафтуни худ намуда буд. Ман мушоҳида кардам, ки ў айнан ҳамон қиёфае дорад, ки пеши худ муҷассам карда будам.
Хотираҳо ва таъсири ин дидор ҳанўз ҳам дар ман зинда аст ва ман эътиқод дорам то замоне, ки зинда хоҳам буд, ин хотираҳо дар ман зинда хоҳад буд».
Соли 1948 тамоми мамлакати шўравӣ 500-солагии бунёдгузори адабиёти классикии ўзбек, сухансаро ва мутафаккири номӣ – Мир Алишери Навоиро ҷашн мегирифт. Садриддин Айнӣ, ки мушовири илмии асосии Комитети ҷашн дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Тоҷикистон буд, баробари чанд тадқиқоте, ки дар бораи Алишери Навоӣ собиқ анҷом дода буд, китоби вижаи «Алишер Навоӣ»-и худро интишор дод ва «Хамса»-и Навоиро мухтасар карда бо шарҳ ва хулосаҳо дубора ба табъ расонид. Панҷсадсолагии шоири ўзбек, ки дар пешрафти назми форс-тоҷик бо ашъори ширини пурмазмун ва нуктаҳои нозуки худ саҳми муассир гузоштааст, 15 моҳи маи соли 1948 (баробари 25 урдабиҳишти 1327) дар шаҳри Тошкент ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашни бошукўҳ аз адибони эронӣ устод Саид Нафисӣ, Алиасғари Ҳикмат ва Бузурги Алавӣ ширкат ва бо Садриддин Айнӣ мулоқот доштанд.
Устод Саид Нафисӣ таассуроти худро аз диду боздидҳо бо Садриддин Айнӣ ба қалам оварда, чанд сол пеш аз фавти худ онҳоро ҷамъбаст намуд ва ба Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон фиристода буд. Аз ҷумла ў навиштааст:
«Дувумин дидори мо дар рўзҳои баргузории солгарди Алишери Навоӣ дар Ўзбекистон рўй дод. Дар он ҳангом ман имкон ёфтам, ки тайи чанд рўз аз гуфтугў бо Айнӣ маҳзуз гардам.
Ҳангоми мусофаратам дар Иттиҳоди Шўравӣ тамоми маҷмўаи осори ўро ба даст овардам ва ағлаб дар соати фароғат бо ҳаззи фаровон машғули хондан ва мутолиаи он мешудам. Дар конгресси ховаршиносон дар Маскав буд, ки хабари даргузашти ин инсони бузург ба гўшам расид. Ва ҳангоме, ки ба даъвати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба Душанбе ворид шудам, аввалин орзуям ин буд, ки аз мақбараи устод боздид кунам ва дар муқобили он зону бизанам.
Акнун Садриддин Айнӣ монанди собиқ дар муқобили чашмонам зинда аст. Ин симо, ин чеҳраи саршор аз малоҳат ва дироят, он садои шавқовари мафтункунанда, он чашмони дурахшон дигар дар ин ҷаҳон вуҷуд надорад.
Ва осори инсоне, ки тамоми зиндагиашро вақфи хидмат ба халқ намуд ва бо ин кор рўшноиҳои фурўзоне дар паҳнаҳои зиндагии фарҳангӣ барафрўхт, ҳамеша бо мост. Осори ў ҷанбаи абадӣ касб кардаанд».
Хотироти пур аз эҳсос ва саршор аз самимияти нависандаи номии Эронзамин, ки баъдтар вай ба унвонҳои доктор ва профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ноил гардида буд, дар шаклҳои гуногун, ба тарзи пурра ва хулоса, ҳам дар Иттиҳоди шўравӣ ҳам дар матбуоти Эрон интишор дода шудааст. Соли 1964/1324 ҳиҷрӣ шамсӣ) дар маҷмўаи «Солномаи дунё» як мақолаи муфассали устод Саид Нафисӣ бо унвони «Чанд тан аз мардони дидании ҷаҳон» чоп шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё