Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ё зиндонӣ шуданд, ё бадарға, ё кушта шуданд ва ё лоақал бо номи душмани халқ, миллатчӣ, гумоштаи давлат ва созмонҳои хориҷӣ шпион-ҷосус, кулак, эшону муллову диндор, космополит ва ғайра муттаҳам гардида, аксар бо хешу таборашон дар азобу уқубат монда, дар назди мардум ва ҷомеа сархаму забонкўтоҳ менамуданд. Ва агар ба таърихи ин 70 соли халқамон нигоҳе андозем – ҳоло ин барои ҳама ошкор аст, хоҳем дид, ки тақрибан ҳама адибони куҳансоли мо ва ҳамчунин насли дувуми он (ба истиснои чанде сиёсатмадорон), аз тарафи мақомоти давлатӣ, созмонҳои мухталифи он фаъолони навпардози вақт ва бо забони гумоштагон ва дастнишондагонашон, ҳамчунин ба василаи созмонҳои тарғиботии нашрӣ, матуботи даврӣ, радио ва бо системаи хатти сиёҳнависӣ (анонимка) мавриди тазйиқот, ҳуҷумҳо ва тўҳматҳои ногаҳонии дурўғ қарор гирифта буданд. Ҳар кадоми ин азиятдидагон ва хоргаштагон тақдир, сарнавишт ва роҳи зиндагии хосаи хешро доштанд. Вале ҳамаи онҳо ба як чиз ҳақ доштанд, ба ҳаққи барои ҳамаи инсоният фарзро доштанд, ҳарчанд онҳо соҳиби он ҳаққу ҳуқуқ шуданро шоиста нагардиданд. Ин ҳақ, ин ҳуқуқ, ин қонун қонуни инсонӣ, одамият, қонуни фарди озод, фикри озод, андешамандии аз ҳар гуна фишор озод аст. Ҷо дорад ва бисёр бамавқеъ аст асомии онҳо ин ҷо зикр шавад: Абдуррауф Фитрати Бухороӣ, Қозимуҳаммад Шарифи Садри Зиёи Бухороӣ, Маҳмудхоҷа
Беҳбудии Самарқандӣ,
Хоҷа Сайидаҳмадхоҷаи
Сид диқии Аҷзии Самар қандӣ, Мир зо Абдулвоҳиди

Мун зими Бухороӣ, Аҳ мад ҷон-Мах дум Абусаидзодаи Ҳамдии Бухороӣ, Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳ рории Фал ғарии Самарқандӣ, Муҳам мади Ҷавҳарии Истарав шанӣ, Тамҳиди Масеҳои Самар қандӣ, Қорӣ Ҳошим Шоиқи Бухороӣ, Абдушукур Шакурии Самарқандӣ, Вадуд Маҳмудии Самарқандӣ, Тўрақул Нарзиқулзодаи Зеҳнии Самарқандӣ, Отаҷон Пайрави Сулаймонии Бухороӣ, Раҳим Ҳошими Самарқандӣ, Ҷалол Икромии Бухороӣ, Ғанӣ Абдулло ва Рашид Абдуллои бародарони Самарқандӣ, Сотим Улуғзодаи Варзикии Чустӣ, Нодир Ҷамшеди Шанбезодаи Бадахшӣ, Суҳайлӣ Абдулло Ҷавҳаризодаи Истаравшанӣ, Ҳасан Ирфони Самарқандӣ, Алӣ Хуши Ғармӣ ва бисёри дигарон ва ҳам аз насли ҳамзамони мо, масалан, Ҷумъа Одинаи Нигнотӣ ва ғайра ва ҳоказо.

пешина
аз 235
навбатӣ