Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Муҳаққиқи пуркори эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ – Муҳаммадҷон Шукуров дар боби сарнавишти пурфоҷиаи рўзгори он кас чунин хулоса кардаст: «Устод Айнӣ аҷаб саргузаште дошт. Тахминан аз солҳои 1905-1907, аз он вақт, ки ба ҷунбиши ҷадидони маорифпарвар ҳамроҳ шуд, қариб пас аз ҳар даҳ сол балое ба сараш меомад. Якумин бор соли 1917 пас аз ҷазои 75 чўб, ки баробари ҳукми қатл буд, ба зўр аз чанги аҷал наҷот ёфт. Баъд аз ин, соли 1927 боқимондаҳои пантуркистҳо ба муносибати чопи «Намунаи адабиёти тоҷик»
ба гардани ў айбҳои даҳшатангези сиёсӣ гузоштанд ва Н.Бухарин онҳоро аз Маскав дастгирӣ кард. Вале ин дафъа ҳам Айнӣ ҷон ба саломат бурд. Ниҳоят, соли 1937 ўро низ ба қатори «душманони халқ» номбар карданд, вале ў боз зинда монд. Оре, чандин бор ҷони Айнӣ ба як мўй овезон буд. Метавон гуфт, ки ў ҳамеша зери хавфи азиме зиндагӣ ба сар мебурд ва кор мекард» (ниг.
М.Шукуров. Аз пайи дарёфти фаҳмиши нав. Садои шарқ, 1990, №7, с.109).
Оре, ин хулоса комилан саҳеҳ ва дуруст аст. Вале агар ҳар яке аз даҳсолаҳои рўзгори домулло Айнӣ ва сарнавишти бузургтарин асарҳояшонро дақиқтар таҳқиқ кунем, хоҳем дид, ки тақрибан ҳар як китоби бузург ва навиштаи навоваронаи нависанда мавриди ҳуҷумҳои боғаразона ва тўҳматҳои сиёсӣ ва замонии ошкоро ва ё махфӣ, пинҳонӣ ва «таҳибурёӣ» аз тарафи мақомот ва ё ашхоси давлатии сиёсатгузор ва назариётчиёни лофзани сотсиологизми зўроварона қарор гирифтааст. Албатта, ин тазйиқот ва фишороварии созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятии гуногуни замонӣ фақат нисбат ба домулло Айнӣ набуд. Аксари зиёиёни тоҷик, ки дар сарзамини аз Бухорову Самарқанду ноҳияи Панҷакент сар карда, то Хуҷанду Истаравшану Қубодиёну Шаҳритусу Ғарму Хатлонзамину Бадахшон дар хоки кулли Тоҷикистону замини тоҷикнишини Осиёи Марказӣ мезистанд, умр ба сар мебурданд, кор ва фаъолият доштанд аз азобҳои сиёсату коргузории системаи наву навбунёди мамлакати пуриқтидори шўроҳо эмин намемонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё