Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кушта шуд бар дасти Сайфуллоҳ дар шаҳри Ҳирот,
Соли таърихаш аз он гаштаст «Саифуллоҳ кушт».

Охирин дақиқаҳои зиндагии Бадриддин Ҳилолиро яке аз дўстони наздики ў Соммирзои Сафавӣ чунин ба қалам овардааст: «Дар авохир ўро аҷаб ҳолате даст дод, ки дар тасаннун машҳур буд ва Убайдхони ўзбек ўро кушт, ки ту шиаӣ ва кона золика фи шуҳури санаи ситта ва салосина ва тисъамиат. Гўянд, ки дар маҳалле, ки ўро ба куштан мебурданд, сари ўро шикастанд. Чунон ки хун ба рўяш давид, дар он маҳал ин қитъаро мехонд:

Байт

Ин қатраи хун чист ба рўи ту Ҳилолӣ,
Гўё ки дил аз ғусса ба рўи ту давида?»

Ин аст оқибати фоҷиаовари рўзгори ноороми исёнгари замон Бадриддин
Ҳилолӣ, ки бо кўшишу эҳтимоми ашроф ва акобири даврон ва фатвои ҳимоятгарони қавонин ва суннатҳои расмии давлатӣ дар натиҷаи қатли бераҳмона ба исён расид. Байти худи Бадриддин Ҳилолӣ тамоми ҷараёни рўзгор ва хатти эҷодиёти ўро метавонад хулоса кунад:

Ғамдидае, ки хоҳад шарҳи ғами Ҳилолӣ,
Аз хуни дидаи худ рангин кунад рисола.

1985 Чӣ сон нагиряму оташ Ба хушку тар назанам?!

пешина
аз 235
навбатӣ