Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ва дар радифи аввали ҳамаи номбурдагон албатта худи Садриддин Айнии Бухороии Самарқандӣ қарор дорад. Ба гумони мо ҳатто фақат номбар кардани бархе аз онҳо, бо назардошти сарнавишти фоҷиавии онҳо, имрўз ҳам ҷомеаро ба ларза меоварад, зеро ҳамаи онҳо нўшобаи заҳрогини давраи истибдодро то гулў фурў бурданд.
Вале бо одат ва суннатҳои замони истибдод имрўз аксар, ҳатто баъзеи онҳо, ки шоҳиди он ҳама фоҷиа ва бадбахтиҳо буданд, сокит монда, тағофул, яъне дониста худро ба нодонӣ заданро салоҳтар медонанд. Зеро, тарс ва хатари ҷазо дидани дубораву себора ҳамеша будааст ва гумон меравад, ки ҳоло ҳам дар мағзҳо нақш дорад ва боқӣ мондааст:
Чӣ сон нагиряму оташ ба хушку тар назанам,
Ки дар қаламрави Зардушт нақши Чингиз аст?!
Матлабе, ки мо ҳоло ёдовар мешавем, сарнаишти ноҷўри яке аз таълифоти волои домулло Айнӣ – китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил» аст, ки дар зарфи чанд даҳсолаи ҳаёти ҳамеша дар хатари он кас ба вуҷуд омадааст. Таҳқиқоти Бедилшиносии домулло Айнӣ аз соли 1912 оғоз ёфта буд, ки он замон нахустин навиштаашон дар ин матлаб дар маҷаллаи «Шўро» интишор ёфтааст ва баъди ин дар зарфи солиён то поёни умр силсилаи мақолоти бедилшиносии дамулло дар маҷаллоти тоҷикии мо нашр шуда ба хонанда тақдим шудааст.
Ниҳоят солҳои панҷоҳум ба муносибати тайёрии таъсиси Академияи улуми
1 Тоҷикистон домулло Айнӣ китоби «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро ба ҷомеаи хеш тақдим доштанд. Ин кори хурде набуд, балки ҷамъбасти ҳамаи баррасӣ ва дониши якумраи нависанда дар ин роҳ буда, ба қавли донишманди бузурги эронзамин устод Саид Нафисӣ унвони «Кашф-ул-Бедил»-ро шоистааст. Барои он ки назар ва ақидаи олимон ва донишмандони воломақоми он замон нисбат ба ин китоби домулло Айнӣ барои хонандаи имрўз ва фардо возеҳтар бошад ва имконоти пурратар ва комилтар тасаввур кардани тазйиқоти мақомоти созмонҳои ғоявии замони истибдод нисбат ба ин кас фароҳам оварда шавад, қитъае аз навиштаи эроншиноси номии ҷаҳонӣ устод Е.Э.Бертелсро ба тариқи иқтибос ин ҷо меорем:
аз тақризи е.Э.Бертелс Ин китоб, ки ба хонандагони советӣ тақдим мешавад, ба фикри ман, дар таърихи филологияи тоҷик роли калоне бозӣ мекунад. Ин китоб пеш аз ҳама якумин очерки муфассали ҳаёти Бедил аст, ки дар асоси маъхазҳои гуногуни таърихӣ, аз як тараф ва бештар, дар асоси гуфтаҳои худи шоир, аз тарафи дигар, тартиб дода шудааст. Ин очерк як қатор каҷфаҳмиҳоеро, ки қариб дар ҳар як асари оид ба Бедил дида мешаванд, бартараф менамояд.
Мумкин аст хонанда чунин савол диҳад: модом, ки дар асарҳои худи Бедил барои тартиб додани очерки тарҷумаи ҳоли ў ба қадри кофӣ маълумоти даркорӣ бошад, пас аз чӣ сабаб то ин вақт ҳеҷ кас аз ин материалҳо истифода набурдааст? Ҷавоби ин савол мушкил нест. Чунки барои ҷудо карда гирифтани он маълумот садҳо саҳифа матни душворфаҳми дастнавис ё чопи сангии хираю серғалатро хонда баромадан лозим меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё