Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф дар ин асар аз санъатҳои бадеӣ – тавсиф, ташбеҳ, истиора, тазод, муқобила ва ғайра моҳирона истифода бурдааст. Дар «Лайлӣ ва Маҷнун», ки бисёр ақидаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоии шоир ва танқиди сахти бедодгарию ҷаҳолати замони феодалӣ ва мисли ғазалиёт ва муқаттаоташ дарду доғ ва ғами давронро дар бар мегирад, шоирони маддоҳу дурўғгў низ мазаммат шудаанд.
Ва гумон меравад, ки вазъияти басо ноустувори зиндагӣ, душвориҳои маишии ҳаёт – ин аст он дарду доғ ва ғами даврон, ки Бадриддин Ҳилолӣ дар вартаи он гирифтор буд. Аммо бо ин ҳама шоир иродаи ниҳоят қавӣ доштааст, ки аз роҳи ҳалолу поки баргузидааш даст накашид, монанди бисёр сухансароёни дарборӣ аз баҳри виҷдон ва шарафи инсонии худаш нагузашт ва сеҳри суханвариро ба хидмати ҳокимони золим ва ҷоҳил вақф нанамуд, дурдонаҳои каломи бадеиро ба роҳи мадеҳасароӣ нисор накард. Вай дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар ин матлаб ақидаи худро басо хуш ва ошкоро баён намуда, бо як ҳисси ифтихоромез навиштааст, ки дар ҳеҷ як достонаш вай роҳи пасти тамаллуқро нисбат ба иблисон, хасон, сангдилон ва ҷоҳилони замон нагирифта, дурўған онҳоро васф нанамудааст.

Шодам, ки дар ин се баҳри асрор,
Бар сангдилон наям гуҳарбор.
Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе ҳавас накардам.
Ҳайф аст, ки номаҳои номӣ,
Гардад зи тамаъ хатти ғуломӣ!
Афсўс, ки фозилони олам,
Бар сифла ниҳанд номи Ҳотам.
Сад ҳайф, ки шоирони фозил
Аллома кунанд васфи ҷоҳил!
Безорам аз ин дурўғ гуфтан,
В-ин гавҳари бефурўғ суфтан!
Охир чу ба баҳр ошноӣ,
Аз чашма чаро кунам гадоӣ?
Гирам, сила сад хазина бошад,
Кай дархури як сафина бошад?
3-он ҷо, ки қиёси нуктасанҷист,
Як нукта беҳ аз ҳазор ганҷест.
Боқист ҷавоҳири маъонӣ,
Боқӣ ҳама нақшҳои фонӣ.
Дар мадҳи хасон чаро хамўшам?
Дурдона ба хас чаро фурўшам?!
Иблис чӣ лоиқи биҳишт аст?
Бар зишт либоси хуб зишт аст!

Тамоман равшан аст, ки ин ошкоргўӣ ва ҷасорати Бадриддин Ҳилолӣ бар
ҳадаф мерасид ва табъи тарафи муқобилро ба исён меовард ва рафта-рафта
муҳити бе он ҳам мураккаби бадбинонаи нисбат ба шоирро боз мураккабтар ва ғаразноктар мегардонид.

пешина
аз 235
навбатӣ