Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар девони шоир бисёр байтҳо ва қитъаҳо дида мешавад, ки дар асоси онҳо аз чӣ гуна касон иборат будани гурўҳи мухолифонро тақрибан муайян кардан мумкин аст. Ин ҳама ранҷидагон аз суханони нисбат ба аҳли ҷомеаи расмӣ густохонаи шоир, шахсоне буданд, ки шоир онҳоро дар девонаш зоҳид, носеҳ, мўҳтасиб, қозии шаръ унвон кардааст. Бо мақсади идома додани матлаб мо лозим медонем, ки роҷеъ ба як қисми боби «Никоҳ бастани Лайлӣ ва Маҷнун бо якдигар» махсус истода гузарем. Дар ин қитъа Бадриддин Ҳилолӣ, аз як тараф муҳаббати бепоёни падари Маҷнунро тасвир мекунад ва нишон медиҳад, ки вай баҳри ба мақсад расонидани фарзанди азизи нокоми худаш ва барои васли ў бо маҳбубаш Лайлии ҷафокашида, ҳеч чизро дареғ намедорад ва дар ҷашни никоҳбандии писараш тамоми молу мулки худро сарф мекунад. Аз тарафи дигар, шоир ба маҳорати лавҳанигорӣ ҳам исрофкориҳои ашрофи замонро дар назари хонанда ҷилвагар месозад ва ҳам фошофош чигунагии «муфтӣ, ки шароби халк мерехт», «он шаҳна, ки дасти маст мебаст», «мискин қозӣ ба он сару риш» ва дигаронро дар ҷашни никоҳ ва айшу ишрат дар ҳолати басе хандаовари майхорагӣ ва мастии онҳо бо як маҳорати устоди хаҷвия ва ҷасорати марди мубориз дар пеши назари аҳли замон намоиш дода, тамоман осуда ва хунсардона ба ҳукми хонанда пешкаш менамуд. Яъне ҳар кас хонад ва мутолиа кунад, осуда ва хомўш намемонад ва ўро ҳисси истеҳзоомез ва нафрати инсонӣ нисбат ба ашроф ва соҳибони замон фаро мегирад:

Чун ровии қисса кард бунёд,
Аз қиссаи ин арўсу домод.
Гуфт: Он рўзе, ки қавми Лайлӣ,
Карданд ба он никоҳ майле.
З-он нуктаи ҳамчу дурри макнун,
Омад хабаре ба гўши Маҷнун.
Маҷнун падари азизро гуфт,
К-он дурри ягонаро кунад ҷуфт.
Бархост падар ба шодмонӣ,
Андохт бисоти комронӣ.
Густурд ба хоки он бару бум,
Дебои Фарангу атласи Рум.
Бар назд кашид соябонҳо,
Бар кўҳ намуд осмонҳо.
Овард халифаро зи Бағдод,
Дунболи қабилаҳо фиристод.
Биншонд афозили карамро,
Орост маҳофили ҳарамро.
Кушт аз шутурону гўсфандон,
Чандон, ки тавон, ҳазор чандон.
Бинмуд зи гўсфанди кушта,
Бар рўи замин ҳазор пушта.
Сад ҷинс шутур тамом қурбон,
Бар ҷон шуд аз ин ситам шутурбон.

пешина
аз 235
навбатӣ