Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар достон инчуннн андешаҳои фалсафии тасаввуфии ў дар бораи инсофу адолат ва усулҳои мамлакатдорӣ ифода ёфтааст. Услуб ва тарзи баён дар «Сифот-ул-ошиқин» чунин аст: шоир дар ҳар як боб аввал аз ягон хислати неки инсон сухан ронда, пас барои тақвияти фикр ҳикоятҳои тамсилӣ меорад.
Масалан, дар боби дувум пас аз тавсифи вафою вафодорӣ, ҳикояти «Шоҳу Дарвеш» ва «Гўй ва чавгон»-ро оварда, ба ин восита гуфтаҳои худро қувват медиҳад ва вафодориро аз беҳтарин хислатҳои инсон мешуморад. Бадриддин Ҳилолӣ дар афкори тарбиявию ахлоқии худ ҳамчун як нафар ҳомӣ ва ғамхори мардуми меҳнатӣ амал карда, рафтору кирдорҳои ношоистаи аҳли зулму ситамро маҳкум намудааст.
Маснавии сеюми Бадриддин Ҳилолӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» (1522), ки дар вазни ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф (мафъўлу мафоилун фаўлун) навишта шудааст, аз 34 боб ва 3542 мисраъ иборат буда, оғози он қисми ҳамду наът ва боби шашум дар насиҳати фарзанд аст. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин боб омўхтани илму ҳунарро тарғиб карда, бо ҳам пайвастани илму амалро яке аз сабабҳои асосии муваффақият ва пешрафти инсон медонад. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддин Ҳилолӣ дар мавзўи анъанавӣ эҷод шуда бошад ҳам, ба достонҳои ҳамноми устодони бузурги гузашта, аз чумла ба «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон тақлиди соф набуда, бо ҷиҳатҳои хосаи худ аз онҳо фарқ мекунад. Бадриддин Ҳилолӣ ба ин достони деринаи ишқи Лайлӣ ва Маҷнун мазмуни нави ғоявӣ додааст. Навпардозиҳои ў, қабл аз ҳама, дар ҷаҳонбинӣ, дар амал ва рафтору кирдори қаҳрамонони асосӣ – Лайлӣ ва Маҷнун ва Навфал зоҳир мегарданд. Дар достони Бадриддин Ҳилолӣ муҳимтарин симо шахсияти Лайлист. Лайлӣ дар тасвири ў духтари далеру қавиирода буда, дар масъалаҳои зиндагӣ на мувофиқи урфу одатҳои маҳдуд, балки аз рўи ақли солим амал мекунад ва барои муҳофизати ишқи самимӣ – матлаби олии худ чораҳои ҷиддӣ меандешад. Вай бар зидди фишори хешовандон домодии фарзанди сарватманд Ибни Саломро қатъиян нахоста, васли ёри бовафои худ Маҷнунро афзалтар пиндошта, ҳатто бо роҳи фирор аз дасти ҷомеа раҳоӣ ёфтан ва ба мақсад расиданро пеш меорад, ки ин хислатҳо дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ ба назар намерасанд.
Фарқи дигари «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддин Ҳилолӣ аз достонҳои Низомию Хусрави Деҳлавӣ дар он аст, ки дар ин маснавӣ Навфал бо мақсади хушбахт намудани Маҷнун Лайлиро ба ихтиёри ў месупорад. Вале Маҷнун бе ризоияти падару модари Лайлӣ ва қабилаи ў, бо вай никоҳ бастанро раво намебинад.
Ниҳоят, падару модари Лайлӣ ва аҳли қабила барои васли онҳо изҳори ризоят мекунанд ва ҷашни арўсӣ барпо мегардад. Вале шаби тўй ду ҷавони ошиқи дилбаста ногаҳон шодимарг мешаванд, ки ин лаҳзаҳо дар достонҳои Низомию Хусрави Деҳлавӣ нестанд. «Лайлӣ ва Мачнун»-и Бадриддин Ҳилолӣ аз достонҳои пешина бо хусусиятҳои забонӣ, услубӣ ва воситаҳои тасвири бадеӣ низ фарқ дорад. Дар достони Бадриддин Ҳилолӣ ташбеҳҳои мураккаб ва ибораҳои мушкилфаҳм қариб дучор намеоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё