Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар интизори шаби иду нури маҷлиси ёр,
Сиёҳ гашт ба чашми ҳама ҷаҳон рўза.
Зи моҳи рўза, Ҳилолӣ, фиғон макун ҳама рўз
Хамўш бош, ки зад мўҳр бар даҳон рўза!
Беҳтарин хусусияти ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ он аст, ки онҳо бо забони содда, услуби равон ва таркибҳои басо латифу ҷозибадор эҷод шудаанд.
Ў дар ғазалиёташ аз истифодаи калимоти душворфаҳм, кинояҳои сарпечу ташбеҳоти мураккаб худдорӣ намуда, бар он кўшидааст, ки ибораю таркиб ва санъати шеъри ў баробари осонфаҳму ҳаётӣ будан, хонандаю шунавандаро ба ваҷд оваранд. Ин аст, ки ғазалиёти ў хеле хушоҳангу рўҳбахш ва самимию дилнавозанд ва дар Шашмақом – мусиқии классикии мо ва таронаҳои халқӣ мақоми хосае доранд.
Як чиҳати назарраси ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ дар он аст, ки ҳиссиёт ва ақидаю андешаҳои шоир ба тафаккури халқ хеле наздик буда, ба таври ҳақиқатнигорона ва ниҳоят табиӣ тасвир шудаанд. Илова бар ин, дар мавридҳои мувофиқ устодона кор фармуда шудани мақолу ибораҳои халқӣ боиси боз ҳам афзудани халқияти ашъори ў гардидаанд. Бо маҳорати баланд истифода бурдани санъатҳои бадеӣ – ташбеҳ, истиора, тавсиф, тазод, муболиға, таҷнис, талмеҳ ва ғайра низ аз муҳимтарин хусусияти ғазалиёти ўст. Дигар хусусияти ҷолиби ғазалиёти Ҳилолӣ образнокии он мебошад. Ў ба воситаи образҳои мусбати ошиқ, маъшуқа, ринд ва нақшҳои манфии рақибу зоҳид ва мўҳтасибу носеҳ, ки хеле барҷаста офарида шудаанд, эҳсосот, ақидаҳои ахлоқию иҷтимоии худро бо камоли устодӣ ифода намудааст.
Бадриддин Ҳилолӣ баъди он ки шоирони достонсаро ўро дар маснавӣ қобилият надорад, гўён маломат кардаанд, ба эҷоди «Шоҳу Дарвеш» пардохтааст. Маснавии «Шоҳу Дарвеш», ки таърихи таълифаш дақиқан маълум нест, дар вазни хафиф (фоилотун, мафоилун, фаилун) буда, аз 28 боб ва 1144 байт иборат аст. Дар ин достон асосан се кас амал мекунанд: Шоҳ, Дарвеш ва Рақиб, Шоҳу Дарвеш бо якдигар дўстанд. Аммо Рақиб ин дўстиро дида наметавонад ва ба ҳар восита онҳоро аз ҳам ҷудо карданӣ мешавад. Ў дар ин роҳ бисёр найрангҳо ба кор барад ҳам, ба мақсад намерасад ва Шоҳу Дарвеш то охири умр ба якдигар содиқ мемонанд. Ин маснавӣ бо таъсири тасаввуф нигориш ёфта, як асари камарзиши Бадриддин Ҳилолӣ ба шумор меравад, ки пояи ҳақиқати зиндагӣ надорад ва бунёдаш хилофи муносибати воқеии синфҳо ва гурўҳҳои ҷамъиятии он замон аст.
Маснавии дуюми Бадриддин Ҳилолӣ «Сифот-ул-ошиқин» тақрибан соли 1508 таълиф шуда, шомили 1300 байт аст, он як асари тарбиявию ахлоқӣ буда, бо мазмуни ғоявии худ аз «Шоҳу Дарвеш» тамоман тафовут дорад. «Сифотул-ошиқин» як асари баландмақоми суханвар ба шумор меравад ва дар эҷодиёти шоир мавқеи калон дорад. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин достон дар ифодаи афкори фалсафию назарӣ ба маснавии «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ ва «Матлаъ-ул-анвор»-и Хусрави Деҳлавӣ пайравӣ намуда, дар баёни афкори тарбиявию ахлокӣ роҳи «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдии Шерозиро пай гирифтааст. «Сифот-ул-ошиқин» банду басти ягона – хатти сюжети пайваст надошта, 20 боб ва зиёда аз 2400 мисраъро дар бар мегирад. Ҳар як бобаш ба тавсифи яке аз хислатҳои хуби инсон – сидқ (боби 2), вафо (боби 3), хулқи хуш (боби 4), карам (боби 5), шуҷоату мардӣ (боби 6), ҳиммат (боби – 7), эҳсон (боби 8), тавозўъ ва зарари такаббур (боби 9), одоб (боби 10), ҳаё (боби 11), сабр (боби 12), шукр (боби 13), таваккал (боби 14), қаноат (боби 15), камхўрӣ ва зарари баднафсӣ (боби 16), камгўӣ (боби 17), камхобӣ (боби 18) ва ғайра оид аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё