Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ин як ҷиҳати эҷодиёти Беҳзод мебошад. Ҷиҳати дигари эҷодиёти устод аз он иборат аст, ки ў дар суратгарии чеҳранигорӣ (портреткашӣ)-и ҳамзамонони худ як сабки нави бузурги эҷодӣ бунёд намуд.
Аз чеҳранигориҳое, ки устод Беҳзод кашидааст, портрети шоири тоҷик 1415 Абдулло Ҳотифӣ (вафоташ соли 1512) – хоҳарзодаи Ҷомӣ, Ҳусайни Бойқаро
16 ва Шайбонихон машҳуранд. Ҳар кадоми ин суратҳо хислатҳои хоси ботинии шахсони мазкурро акс кунонда, дорои аносири вуқўънигорӣ мебошанд.
Дар суратҳое, ки дар онҳо Беҳзод ягон ҳолати муайяни зиндагӣ ва ё ягон воқеаро (суратҳои дастнависи «Зафарнома»-и Шарафуддин Яздӣ) акс мекунонад, сабки ба худаш хоси суратгар зоҳир мешавад. Камолиддин Беҳзод то охири ҳукуматдории Ҳусайн Бойқаро (соли 1506) дар китобхонаи ў дар Ҳирот фаъолият дошт. Пас аз вафоти Шайбонихон (соли 1510) ў ба Табрез рафт ва дар соли 1522 ба роҳбарии китобхонаи пойтахти Сафавиён ва сардори санъатгарони он давлат таъин мешавад. Дар Табрез Беҳзод барои рушди ҳунари тасвирӣ хидматҳои бузурге кардааст. Беҳзод шогирдоне ба воя расонид, ки ба сабки ба худи Беҳзод хос пайравӣ менамуданд. Дар солҳои 1523-1524 Хондамир дар хусуси Беҳзод дар «Ҳабиб-ус-сияр»-и худ қайд менамояд, ки ў:
«Мазҳари бадоеи сувар ва музҳири наводири ҳунар, қалами монирақамаш носихи асрори мусаввирони олам ва банони мўъҷизашамимаш моҳии тасвироти ҳунарварии банӣ Одам».
Камолиддин Беҳзод суратгарест, ки бо санъати нафис ва сабки махсуси худ аносири мардумии ҳамон соҳаи Осиёи Марказӣ ва Хуросон ва Эронро ривоҷ дода, онро ба пояи баландтар расонидааст. Санъати Беҳзод ва сабки ў аз тарафи шогирдон ва пайравони ў дар тамоми қарнҳои баъдӣ (хусусан дар Ҳирот, Бухоро, Самарқанд) давом дода мешуд. Бесабаб нест, ки дар тамоми Шарқ Камолиддин Беҳзод мусаллам, яъне ба устодӣ қабул гардидааст ва инро шоирон ҳам васф намудаанд. Дар китоби «Номаи номӣ» байтҳои поин оварда шудааст, ки онро муаллифи «Ҳабиб-ус-сияр» ҳам зикр менамояд. Ин байтҳо барои таърифи устод Беҳзод хеле хос мебошанд.
Мониқалами хуҷастаосор,
Некўшиями ҳамидаатвор.
Устоди ҳунарварони олам,
Дар фанни ҳунарварӣ мусаллам.
Беҳзоди ягонаи замона,
Монӣ ба забони ў фасона.
Дар диққати табъ мўшикоф аст,
В-ин ҳарф на аз сари гизоф аст.
Такмили маҳораташ дар ин фан,
Бовар агар-ат наёяд аз ман.
Бикшой назар зи рўи инсоф,
Бингар сувари бадеъавсоф.
К-орост ҷамоли ин саҳоиф,
Афзуд камоли ин зароиф.
Дар сурати ҳусну хатти таҳрир,
17
Ин сон варақе наёфт тасвир.
Ва боз:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё