Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«...Алқисса, рўз ба рўз ва соат ба соат ҳунар ва мартабаи устод Беҳзод дар тараққӣ буд ва ҳар нақше, ки мекашид, аз паси вай ўро аз пардаи ғайб сурати фатҳе (муваффақияте) рўй менамуд.
Машҳур аст, ки устод Беҳзод саҳифаи мусавваре ба маҷлиси фирдавсоини сипеҳртазйини амири кабир Мир Алишер овард. Дар он сурати ҳол чунон тасвир ёфта буд, ки: боғчае ороста бо дарахтони гуногун ва бар шохсори он дарахтон мурғони хушилҳони бўқаламун ва дар ҳар тараф ҷўйҳои ҷорӣ ва гулҳои шукуфта ва нимшукуфтаи сурху зарду зангорӣ. Сурати Мир Алишер чунон кашида шуда буд, ки дар он боғ бар асои худ такя зада истодааст ва табақҳои пурзару сим дар пеши худ ниҳода муҳайёи инъом ва эҳсон кардан аст.
Чун ҳазрати Мир он суратро мушоҳида ва мулоҳиза намуд, он саҳифаи латиф боғчаи ботинашро бо гулҳои баҳҷат ва сурур ва атрофи ҳавзаи хотирашро бо дарахтони фарҳат ва ҳузур биёрост ва аз андалеби табъаш бар шохсори шавқ ва завқ навои «алҳасан, алҳасан!» (хуб, хуб) бархост ва гуфт:
Наққош, аҷаб сафҳа мунаққаш кардӣ,
Эй вақти ту хуш, ки вақти мо х(в)аш кардӣ!
Ва баъд аз он рўй ба аҳли маҷлис оварда пурсид: – Азизонро дар таъриф ва тавсифи ин саҳифаи шарифа ба хотир чӣ мерасад? – Мавлоно Фасеҳуддин, ки устод ва муаллими Мир буда, аз ҷумлаи олимони машҳури Хуросон буд, фармуд: – Махдумо! Ман чун ин гулҳои шукуфтаро дидам, хостам, ки даст дароз кунам ва гуле аз гулбун ҷудо карда ба дастори худ халонам. Мавлоно Соҳиб Доро, ки надим ва мусоҳиби Мир буд, гуфт: – Маро низ ҳамин хоҳиш буд, аммо андешидам, ки мабодо даст дароз кунам, ки мурғон рамида аз сари дарахтон парвоз намоянд.
Мавлоно Бурҳон, ки саромади зарифони Хуросон буд ва доимо ба Мир зарофат ва шўхиҳо менамуд, гуфт:
— Ман мулоҳиза карда даст ва забон нигоҳ медорам ва дам задан намехоҳам, ки мабодо Мир ранҷида, рўй турш намуда, абрўи ризоро дарҳам кашанд ва ин шукуфтарўӣ, ки дар расм доранд, якбора барҳам хўрад.
Мавлоно Муҳаммад Бадахшӣ, ки ў ҳам аз зарифони Хуросон буд ва Мир Алишер ба вай «латифатарош» лақаб дода буд, гуфт: – Эй Мавлоно Бурҳон, агар беодобӣ ва густохӣ намешуд, ман ин асоро, ки дар расм дар дасти Мир аст, гирифта бар сари ту мезадам. Мир Алишер гуфт: – Азизон суханони хуб гуфтанд. Агар Мавлоно Бурҳон он дуруштиро намекарданд, ба хотир расида буд, ки ин табақҳои пурзарро, ки дар саҳифа нақш ёфтаанд, бар сари ёрон нисор намоям. Баъд аз он устод Беҳзодро асп бо зину лаҷом ва ҷомаи муносиб
12 бахшида, ба ҳар кадом аҳли сўҳбат низ либосҳои фохир инъом кард».
Ёддошти Восифӣ санадест, ки баъзе хусусиятҳои санъати суратгарии Беҳзодро равшантар менамояд.
Рассоми мо шоире буд дар суратгарӣ. Ў ба қонунияти суннатии ин соҳаи санъат навовариҳо ворид намуд, ки онҳо имконият ва тасаввури эҷодии устодро васеътар акс кунонда метавонанд. Беҳзод на фақат расмҳое мекашид, ки бо ягон асари муайяни адабӣ ва ё таърих алоқамандӣ дошта бошад, балки лавҳаҳои алоҳида сохтааст.
13 Беҳзод дар давраи аввали эҷодиёташ барои «Бўстон»-и Саъдӣ(китобаташ соли 1488), «Хамса»-и Низомӣ (китобаташ тақрибан соли 1499) суратҳое кашидааст, ки назокат ва нафосати маҳорати онҳо ба мо лаззат мебахшанд ва мафтун менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё