АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

- Нишонкунӣ Тойи пахта дар ду тарафи паҳлугӣ ва аз ду тараф аён (торцовый) нишона карда мешавад; Нишон бояд бо ду забон аниқ бо ранги шустанараванда карда шавад. Дар тарафҳои паҳлўи тои пахта нишонаҳои зерин ифода худро ёфта метавонанд;
- компанияи «Турсунзодаволокно»
- № созишнома
-№ корвон
-№ ҷой - вазни ғайри холис, кг, т.
- вазни холис, кг, т.
-андозаи той (дарозӣ, васеъгӣ, баландӣ), мм.
- Дастурамалаҳои боркунӣ Дар муддати 24 соат аз рўзи таъминкунӣ фурўшанда ба харидор воситаи почтаи электронӣ, ё дигар воситаҳо, рўз ва рақами накладнои боркунӣ, миқдори ҷой, ҳаҷми мол, вазни ғайри холис ва арзиши умумии молро маълум мекунад.
- Арбитраж ( суди иқтисодӣ) Ҳамаи мубоҳисаҳо ва зиддиятҳое, ки аз болои созишнома пайдо мешаванд, бо қадри имкон ба воситаи гуфтугузорҳои тарафҳо ҳал карда мешавад; Агар мубоҳиса ба воситаи гуфтугузори тарафҳо ҳалли худро наёбад, пас масъала ба суди арбитражӣ ( суди иқтисодӣ) супорида мешавад.
Иҷроиши қарори суди арбитражӣ ( суди иқтисодӣ) барои ҳарду тараф ҳатмист. - Суроғаи юридикии тарафҳо Харидор-компания «Милантекстил»
Суроға, телефон, факс …
Фурўшанда: Компанияи «Турсунзодаволокно»
Суроға, телефон, факс …
Созишнома 2 нусха ва бо 2 забон (тоҷикӣ, англисӣ), як нусхагӣ барои ҳарду тараф, матни ҳарду забон қувваи якхела дорад, ҳаҷми ------ саҳифа тартиб дода шудааст:
Харидор: Фурўшанда:
«Милантекстил»… «Турсунзодаволокно»…
Созишнома аз рўзи имзо шуданаш ҳуқуқи юридикӣ пайдо мекунад.
Муқарраркунии нарх дар созишнома Дар вақти ҷудо кардани нахи пахта аз рўи навъҳои ботаникӣ, технологӣ ва типҳо, намудҳои зиёди онҳо пайдо мешаванд.
Дар ин ҳолат, барои ҳар хели нахи пахта муқаррар намудани нархи аввала зарур аст. Барои ҷобаҷокунии нарх хусусияти (замимами) намудҳои нахи пахтаро тартиб дода, пас барои ҳар яки онҳо нархи ибтидоиро муқаррар намуда ба раванди гуфтугузори тарафҳо пешкаш менамояд.
Ба ғайр аз ин дар созишнома нархи пастшаванда муқаррар карда мешавад, чунки дар бисёр ҳолатҳо нархи як воҳиди нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ арзон шуда истодааст.
Ба як қисми нахи пахтае, ки барои харидор қиммати махсус пайдо карда метавонад, нархи қавӣ муқаррар карда мешавад, яъне нархе, ки ба конъюктураи ( дигаргуншавии бозори мамлакати харидор) бозори дохилии харидор ё худ ҷаҳонӣ вобастагӣ надорад.
Баробари муфассал омўхтани ин мавзўъ донишҷўён бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дода тавонанд:
- Чанд усули ҷустўҷўи харидорро истифода кардан мумкин?
- Мақсади аосии кор карда баромадани пешниҳод аз чӣ иборат аст?
- Таркиби созишнома аз кадом қисмҳо иборат аст?
- Кадом намуди нархҳо дар созишнома муқаррар карда мешавад?
- Аҳамияти нишонакунии мол дар чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё