Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Мўҳлати таъминот Мўҳлати таъминот дар миқёси корвонҳо муайян карда шудааст; Мол бояд ба шартҳои созишнома ҷавобгар бошад (характеристикаи техникӣ); Рўзи таъминкунӣ, рўзи дар мўҳри накладнои нақлиётӣ нишондодашуда ҳисобида мешавад.
  2. Ҷаримаи шартномавӣ Дар мол аз мўҳлати дар созишнома нишондодашуда як ҳафта дер монад ба фурўшанда ба миқдори 0,5% арзиши моли нарафта ҷарима баста мешавад; Агар мол зиёда аз 4 ҳафта дер монад, ба ҳар ҳафтаи ояндаи дермонӣ ҷарима ба миқдори 1,0% муқаррар карда мешавад.
    Суммаи умумии ҷарима барои дермонӣ бояд аз 10% арзиши моли нарафта зиёд набошад.
    Ҳаҷми муқарраршудаи ҷарима аз тарафи суди иқтисодӣ каму зиёд карда намешавад.
  3. Форс-мажор (қувваҳои бартарафкарда нашаванда).
    Тарафҳо аз қисман ё пурра иҷро накардани ўҳдадориашон озод карда мешаванд, агар он бо сабаби Форс-мажор (сўхтор, обхезӣ, заминҷунбӣ, ҷанг, корпартоиҳои дуру дароз ва ғайраҳо) содир шуда бошад.
    Дар ин ҳолат мўҳлати иҷроиши ўҳдадорӣ аз рўи созишнома дароз карда мешавад, то вақти адои таъсири ин қувваҳо.
  4. Шартҳои партохт.
    6.1. Пардохти 100%-и арзиши моли фиристонидашуда бо пули (асъори) _______________ дар муддати 30 рўз, дар натиҷаи ба дасти харидор расидани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:
  • мўҳлати аслии счёти махсуси (специфированность) фурўшанда бо ду нусхааш;
  • мактуби кафолатдори фурўшанда оид ба сифати моли фристонидашуда;
    -варақҳои барои печонидан махсусгардонидашуда 3 нусха;
    -нусхаи мактуби ҳамроҳикуннадаи молҳои фурўшанда, ки фиристонидани ҳуҷҷатҳои зарурии пешбинишудаи техникиро тасдиқ мекунад;
    -нусхаи сурати иҷозатномаи содиротӣ, агар ин ҳуҷҷат зарур бошад;
    -нусхаи накладнои нақлиёт.
  1. Кафолат.
    7.1. Фурўшанда кафолат медиҳад, ки ҳаҷми асосии моли фиристонидашуда ба талаботи баланди техникии мамлакати хеш ҷавобгў аст; 7.2. Қисми моли фиристонидашуда ба меъёри (стандарти) умумиҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад.
  2. Печонидан Нахи пахтаи фиристонидашуда аз рўи меъёри байналхалқӣ печонида шудааст, яъне мол ба ватани харидор бо сифати аввалаи худ рафта мерасад.
пешина
аз 91
навбатӣ