АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Одатан гуфтугузорро сардори вакилони фурўшанда оғоз мекунад.
Дар вақти гуфтугузор масъалаҳо паси ҳам муҳокима карда мешаванд. Мисол,
роҳбари вакилони компанияи «Турсунзодаволокно» ба маълумоти харидорон мерасонад,
ки ҳаҷми умумии нахи пахтаи мо 25 ҳазор тоннаро ташкил намуда аз навъҳои зерин иборатанд:
Навъҳои ботаникӣ:
-«Суғдиён -2»
-«Ҳисор»
ва ғайраҳо
Навъҳои технологӣ бо ҳаҷмаш:
-навъи якум- 20 ҳазор тонна
-навъи дуюм-5 ҳазор тонна
Дар вақти гуфтугузор оид ба харидорӣ кардани ин ҳаҷмҳо мунозира меравад. Дар ҳолати ба натиҷаи аниқ омадани харидор оид ба ҳаҷми ҳарсолаи хариди нахи пахта протоколи боварӣ тартиб дода мешавад.
Таркиби протоколи боварӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:
- Иштирокчиён:
Аз тарафи компанияи «Турсунзодаволокно» киҳо иштирок мекунанд-ном, номи падар ва вазифаи онҳо; Аз тарафи компанияи «Милантекстил»-ном ва номи падари намояндагон ва вазифаи онҳо.
Вохўрӣ дар ш. Турсунзода, компанияи «Турсунзодаволокно» бо мақсади бурдани гуфтугузор оид ба бастани созишнома дар бораи фурўши нахи пахта.
2. Мавзўи гуфтугузор- фурўши нахи пахта ба компанияи «Милантекстил»
Нахи пахта ______ тонн (Гост._______) аз рўи хусусияти (замимаи) № 1.
- Ҷои таъминкунӣ- ш.Милан 4. Мўҳлати таъминкунӣ аз рўи графики бо хусусияти мутобиқ кардашуда 5. Усулҳои таъминкунӣ бо тойхо то ҷои муайян 6. Шартҳои таъминкунӣ- дар миқёси корвонҳои алоҳида 7. Тақсимоти хароҷотҳо байни тарафҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё