АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Фирмаҳое, ки офертаи озодро мегиранд, бояд ба суроғаи фурўшанда маълум намоянд.
Пас аз ба контроферта гирифтани розигии фурўшанда, харидор омодаи ба ш. Турсунзода омадан мешавад, чунки созишнома фақат дар натиҷаи гуфтугузори расмӣ баста мешавад.
Харидор ба суроғаи фурўшанда ду ҳафта пеш аз омадани вакилонаш бояд маълумотҳои зеринро равона кунад:
-ном ва номи падари намояндагони харидор;
-вазифаи ҳар яки намоянда;
-рўзи саршавии сафари хизматӣ;
-рақами рейси самолёт, поезд ё худ автомобил.
Баробари гирифтани ин маълумотҳо фурўшанда ба тайёр намудани ҷои истиқомат, хўрокхурӣ, гуфтугузор ва ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодӣ шурўъ менамояд.
Дар миқёси ҳуҷҷати техникӣ бояд маълумотҳои зерин тайёр карда шаванд:
-баромади нахи пахта;
-дарозии нахи пахта;
-мустаҳкамии нахи пахта;
-борикии нахи пахта.
Ҳамаи ин маълумотҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои лабораторӣ тасдиқи худро дошта бошанд.
То ин вақт компанияи «Турсунзодаволокно» ҳам бояд таркиби вакилоне, ки дар гуфтугузор иштирок менамоянд муайян кунад. Ғайр аз ин тарҷумони забони англисӣ ва стенографистро тайёр намояд.
Қоидаҳои бурдани гуфтугузор
Мувофиқи қоидаҳои байналхалқӣ гуфтугузор дар вақти муайян дар ҷои махсус тайёр карда шуда гузаронида мешавад. Хонае, ки гуфтугузор гузаронида мешавад, бояд мувофиқи этикаи байналхалқӣ ҷиҳозонида шуда бошад. Вакилони тарафро дар ду тарафи миз нишаста ба гуфтугузор шурўъ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё