Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Барои тақсим кардани бозор фурўшандагон низ тавсифномаи (характеристикаи) шахсиятро истифода мебаранд. Истеҳсолкунандагон ба молҳои хеш характеристикаи шахсӣ медарорад, то ки вай ба характеристикаи шахсияти харидорон ( истеъмолкунандагон) мувофиқ бошад.
Дар вақти аз рўи принсипи рафтор ба қисмҳо ҷудо кардани бозор харидоронро ба гурўҳҳо вобаста ба дониши онҳо, муносибат, нисбати истифодабарии молҳо ва ҳиссиёт ба ин молҳо тақсим мекунанд. Харидоронро байни ҳамдигар бо сабаби пайдоиши ақида (идея), баҷоории харидорӣ ё худ истифодабарии мол фарқ мекунанд. Авиакомпания метавонад равоияти ба одамон хизматрасонҳо аз рўи бартарии яке аз ин сабабҳо (имкониятҳо) махсус гардонад.
Яке аз шаклҳои ба қисмҳо тақсимкунӣ, классификатсияи харидрон дар асоси манфиати онҳо дар мол мебошад.
Тақсимкунӣ дар асоси манфиат, муқаррар кардани манфиатҳои асосие, ки одамон аз моли гурўҳи кункретӣ интизоранд талаб мекунанд.
Қисми зиёди бозорҳои аз рўи истифодабарандагони пешина, истифодабарандагони потенсиалӣ, истифодабарандагони нав ё дигар ва истифодабарандагони мунтазам тақсим кардан мумкин аст. Ташкилотҳои маркетингӣ ҷамъиятӣ ба мавқеи истифодабарандагон диққати ҷиддии махсус медиҳад.
Бозорро аз рўи гурўҳҳои истифодабарандагони камқувват, миёна ва фаъоли мол тақсим кардан мумкин аст. Одатан харидорони фаъол қисми ками бозорро ташкил медиҳанд, аммо ҳиссаи онҳо аз рўи ҳаҷми умумии истеъмоли мол фоизи зиёдро ташкил медиҳад.
Бозорро аз рўи дараҷаи ихлосмандони (мухлисӣ) истиъмолкунандагон ба мол ба гурўҳҳо тақсим кардан мумкин аст.

Интихоби қисми максадноки бозор

Ба қисмҳо тақсим кардан имконияти қисми бозорро равшан нишон медиҳад. Бинобар ин ба фирмаҳо (корхонаҳо) ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
-чанд қисми бозорро фаро гирифт
-чи тавр қисми фоидонактаринро муайян кард. Оид ба ин масъала, фирмаҳо ақидаҳои якхела надоранд.
Фирма (корхона) метавонад се стратегияи фарогирии бозорро истифода намояд.
Маркетинги фарқнакунанда. Дар вақти истифодаи ин стратегия фирма (корхона) якбора барои қисмҳои гуногуни бозор бо як пешниҳод муроҷиат мекунад, диққати худро барои қисми мушаххаси бозор не, балки мўҳтоҷии умумии харидорон равона мекунад.

пешина
аз 91
навбатӣ