АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Мисол, фирмаи «Ҳерши» солҳои дуру дароз барои фирмаи истеъмолкунандагон як намуди шоколадро пешниҳод менамояд. Инҷо фирма мол ва барномаи маркетингиро кор карда мебарояд ба мақсади он, ки барои шумораи зиёди харидорон дилкаш бошанд.
Фирма бояд дар мафкураи одамон ба мол симои бартарӣ диҳад.
Маркетинги фарқнакунандаи фоиданок аст,чунки хароҷоти истеҳсоли мол, нигоҳдории захираҳои ў ва кашонидан баланд нест. Хароҷотҳои намоиш (реклама) дар маркетинги фарқкунанда низ дар сатҳи паст аст. Зарур набудани гузаронидани тадқиқоти маркетингии қисмҳои бозор ва банақшагирии тақсимоти ин қисмҳо (сегментҳо) ба паст шудани хароҷоти тадқиқотҳои маркетингӣ ва идоракунии истеҳсоли мол мусоидат мекунад.
Фирмаҳое, ки стратегияи маркетинги фарқнакунандаро истифода бурдани мешавад, одатан молро барои қисми аз ҳад калони бозор истеҳсол мекунад. Дар натиҷаи истифодабарии ин таҷриба аз тарафи фирмаҳои зиёд, дар бозор рақобат пайдо шуда харидорони сегментҳои хурд каноатмандии камеро ҳис мекунанд.
Маркетинги фарқкунанда. Дар ҳолати истифодабарии стратегияи маркетинги фарқкунанда фирма мехоҳад, ки дар қисмҳои гуногуни бозор баромад кунад ва ба ҳар як қисми бозор пешниҳоди алоҳида кор карда барояд. Фирма дар натиҷаи пешниҳоди молҳои гуногун боварӣ дорад, ки ба дараҷаи баланди фурўш ва дар қисми (сегменте), ки хоҳиши азхуд кардан дорад, чуқуртар воридшудан ноил мешавад. Фирма умедвор аст, ки ба сабаби дар якчанд қисми бозор мустаҳкам кардани мавқеи худ, дар мафкураи истеъмолкунандагон ин тоифаи молҳоро монанд кунонад. Ба болои ин фирма барои инкишофи хариди такрорӣ умедвор аст, чунки молҳои ў ба хоҳиши истеъмолкунандагон мувофиқат мекунад.
Маркетинги якҷоя. Дар вақти истифодабарии стратегияи маркетинги якҷоя фирма қувваи худро барои ҳиссаи калони як ё якчанд гурўҳи бозорҳои таркибӣ ҷамъ мекунад.
Мисол, фирмаи «Фольксваген» кўшиши худро ба бозори автомобили камлитранс, фирма «Ричард Д Ирвин» ба истеҳсоли бозори китобҳои дарсии исқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорӣ равона кардаанд. Ба сабаби маркетинги якҷоя фирма (корхона) барои хеш мавқеи мустаҳками тиҷоратиро таъмин мекунад, чунки ў назар ба дигарон мўҳтоҷии ин қисмҳоро нағзтар медонад ва шўҳрати муайяне дорад. Ба ғайр аз ин дар натиҷаи махсусгардонии истеҳсолот, тақсимот ва роҳҳои ҳавасмандкунии фурўш фирма дар бисёр доираи фаъолият сарфакорона ба даст дароварда истодааст. Аммо маркетинги якҷоя ба сатҳи баланди хавф алоқаманд аст, чунки қисми (сегменти) интихобшуда метавонад мақсади фирмаро ноил нагардонад.
Дар вақти интихоби стратегияи фарогирии бозор бояд омилҳои зерин ба ҳисоб гирифта шаванд:
-захираҳои фирма (корхона);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё