АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Маълум, ки усули ягонаи ба гурўҳҳо тақсим кардани бозор вуҷуд надорад. Ходимони бозор барои дарёфт кардани нуқтаи назари фоиданок дар асоси параметрҳои тағйирёбандаи тарзҳои гуногуни тақсимкунии бозорро истифода мебаранд.
Бозор аз рўи принсипҳои асосӣ ба гурўҳҳо тақсим карда мешавад:
-принсипи ҷуғрофӣ;
-принсипи тағйирёбии таркиби аҳолӣ (демографӣ);
-принсипи нақшаи руҳӣ;
-принсипи рафтори ахлоқӣ.
Аз рўи принсипи ҷуғрофӣ ба қисмҳо тақсим кардани бозор ба воҳидҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷудо кардани онро дар назар дорад:ҷумҳурӣ, вилоят, минтақа, шаҳр, ноҳия, фирма (корхона) метавонад оид ба фаъолияти худ қарорҳои зерин қабул намояд:
-дар як ё якчанд ноҳияҳои ҷуғрофӣ;
-дар ҳамаи ноҳияҳо бо назардошти фарқияти дар мўҳтоҷӣ ва имтиёз.
Баъзе фирмаҳо (корхонаҳо) шаҳрҳои калонро иловагӣ ба сарзаминҳои (территорияҳои) хурд тақсим мекунанд. Мисол, ш. Чикаго ба се бозори таркибӣ тақсим карда шудааст. Ҳар як гурўҳи бозорҳои таркибӣ фирма бо молҳои хосиятҳои фарқкунанда дошта баромад мекунад.
Аз рўи принсипи тағйирёбии аҳолӣ (демографӣ) тақсимоти бозор ба гурўҳҳо дар асоси омилҳои таркиби аҳолӣ, ба монанди: ҷинс, синну сол, аъзои оила, давраи ҳаёт, сатҳи даромад, касбу кор, маълумот, боварӣ ба дин, миллат, халқият гузаронида мешавад. Синну сол ва давраҳои ҳаёти оила водор мекунад, ки фирма пешниҳоди молҳои аз нуқтаи назари истифодабарӣ якхеларо ба ин омилҳо вобаста кунад. Мисол, туфлии корӣ барои синну соли гуногун.
Ҷинс ҳам барои пешниҳоди мол аҳамияти калон дорад. Молҳои аз нуқтаи назари истифодабарии занонаю мардона ба куллӣ фарқ мекунад. Аз ин лиҳоз тақсими бозор аз рўи ҷинс ба мақсад мувофиқ аст.
Тақсими бозор, хусусан аз рўи сатҳи даромад ахамияти ниҳоят калон дорад. фирма бояд донад, ки молҳои қимматро ба кадом гурўҳи бозор, арзонро ба кадом гурўҳи бозор пешниҳод намояд.
Дар вақти бозорро ба қисмҳо аз рўи принсипи нақшаи рўҳи таксим кардан, харидоронро ба гурўҳҳо аз рўи аломатҳои ба синфҳои ҷамъяити таалуқ доштан, тарзи зиндагӣ, ё худ сифати шахсият ҷудо мекунанд. Қисми зиёди фирмаҳо ( корхонаҳо) лоиҳаи сол ва хизмати хешро барои вакилони синфҳои мушаххаси ҷамъиятӣ тартиб медиҳанд, ки моҳият ва тавсифномаи (характеристикаи) онҳо харидоронро ба худ ҷалб мекунад.
Фурўшандагони молҳои тамғадор ва муқаррарӣ бисёртар бозорро ба гурўҳҳо аз рўи аломатҳои тарзи зиндагӣ ҷудо мекунанд. Истеҳсолкуннадагони ҷинсӣ моли худро барои гурўҳи мушаххаси мардон (хонашинҳо), коргарон, пешқадамони касбӣ тайёр мекунанд, чунки барои ҳар яки ин гурўҳ тарзи буриш ва дўхтани махсус зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё