АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

- Харидорони молҳои дар саноат истифодашаванда шахсони касбианд.
Молҳои эҳтиёҷӣ саноатиро одатан агентҳои касбӣ харидорӣ мекунанд,чунки онҳо тамоми ҳаёти худро ба ин кор бахшида, таҷрибаи кофӣ доранд. Бисёрии онҳо мавқеи харидорони касбиро соҳибанд.
Дар раванди харидорӣ харидорони молҳои дар саноат истифодашаванда ба қабули бисёри қарор оид ба хариди мол дучор мешавад. Миқдори қарор оид ба харид, ба ҳолати баҷоории харидорӣ вобаста аст. Ҳолати харидорӣ аз 3 шакли асосӣ иборат аст.
Хариди такрории бетағйир. Дар ин ҳолат ҳаҷми мол барои соли оянда (ё панҷсолаи оянда) тағйир намеёбад. Чунки дар муддати пешбинишуда технологияи истеҳсоли мол, ҳаҷми истеҳсолот ва миқдори коргарон бетағйир мемонад.
Хариди такрории тағйирёбанда. Харидор дар вақти хариди такрории ҳаҷми ўро тағйир дода метавонад. Ҳаҷми харидро батағйирёбии тафсифномаи (характеристикаи) мол, нарх ва дигар шартҳои таъминкунӣ,ё ивазшавии таъминкунанда вобаста мекунад.
Бисёр вақт фармоиши (заказы) такрорӣ барои харидани таҷҳизотҳои нав дода мешавад.Дар ин ҳолат доираи таъминкунандагон васеъ шуда метавонад.
Харидорӣ барои ҳалли масъалаҳои нав. Дар ин ҳолат фирма (корхона) молро барои ҳалли масъалаҳои нав харидорӣ мекунад. Инҷо фирма баъзе молҳоро бори аввал харидорӣ мекунад,чунки ў дар назди худ мақсад гузоштааст, ки хелҳои гуногуни моли нави диққатангезро истеҳсол карда ба бозор пешниҳод намояд. Дар вақти баҷоории харид барои ҳалли масъалаҳои нав фирма (корхона) харид барои хеш чизҳои зеринро муайян кунад:
-таснифномаи (характеристикаи) техникии мол;
-ҳудуди нарх;
-вақт ва шарти таъминкунӣ;
-шарти хизматрасонии техникӣ;
-шарти пардохт;
-ҳаҷми фармоиш ( закон);
-таъминкунандагони маъқул;
-таъминкунандагони интихобӣ.
Дар вақти қабули қарор оид ба хариди мол ин омилҳо таъсир расонида метавонанд.
Фурўшандаи молҳои дар саноат истифодашаванда ҳатман муайян кунад, ки:
-гурўҳи қабулкунандагони қарор оид ба харид киҳоянд;
-онҳо барои қабули кадом қарор таъсир мерасонанд;
-чи хел онҳо таъсир мерасонанд; -дар вақти қабули қарор кадом меъёрҳои баҳодиҳиро ҳар як иштирокчӣ истифода мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё