Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Пас мисоли мушаххас раванди гузаронидани ин амалиётҳоро фаҳмонида додан зарур аст.
Одатан бозори молҳои дар саноат истифодашаванда ба хосиятҳои ба худ хос соҳиб аст,ки онҳо аз бозори молҳои сермасриф фарқ мекунанд.

  1. Дар бозори молҳое, ки дар саноат истифода мешаванд шумораи харидорон камтар аст. Фурўшандагони молҳои дар саноат истифодашаванда одатан бо харидорони кам назар мекунанд, нисбат ба харидороне, ки ба молҳои сермасраф сару кор доранд. Ин хосиятро дар мисоли мушаххаси ҳаёти ҷумҳурӣ фаҳмонида додан зарур аст.
  2. Ин шумораи ками харидорон аз нуқтаи назари иқтисодӣ пурқувватанд. Ин харидорон одатан намояндагони компания (корпоратсия)-ҳои калон мебошанд, ки зиёда аз 50% ҳаҷми маҳсулот дар ихтиёри як чанд нафари онҳо мебошад. Пас онҳо ҳаҷми асосии маҳсулотро барои эҳтиёҷи соҳа харидорӣ мекунанд. Мисол, намояндагони комбинатҳои консервабарорӣ ё шароббарорӣ мева ва ангурро ба ҳаҷми зиёде харидорӣ мекунанд.
  3. Ин харидорон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ҷамъ карда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ қисми зиёди молҳои дар саноат истифодашаванда дар маркази вилоятҳо ва ноҳияҳои калон гирд оварда шудаанд. Мисол, саноатҳои консервабарорӣ, шароббарорӣ, мошинсозӣ, металгудозӣ, коркарди чубу тахта ва ғайраҳо дар шаҳру марказҳои ноҳияҳо ҷамъ карда шудаанд. Соҳаҳои гуногуни кишоварзиро ҳам гиред дар минтақаҳо ҳархела ҷойгир шудаанд (пахта, меваҳои донадор ва ғайраҳо).
  4. Талабот ба молҳои дар саноат истифодашаванда аз рўи талабот ба молҳои сермасраф муайян карда мешаванд. Агар талабот ба молҳои сермасраф суст шавад, талабот ба молҳои дар саноат истифодашаванда (дастгоҳҳо, таҷҳизотҳо ва ғайраҳо) кам мешавад. Мисол, агар талабот ба моли сермасраф, яъне тўфлӣ зиёд шавад, талабот ба молҳои дар саноат истифодашаванда, ба монанди чарм, пошна, ширеш меафзояд.
  5. Талабот ба молҳои дар саноат истифодашаванда бо тезӣ тағйир меёбад. Талабот ба молҳо ва хизматҳои дар саноат истифодашаванда одатан назар ба талабот ва хизматҳои молҳои сермасраф тезтар тағйир меёбад. Хусусан ин оид ба талабот ба таҷҳизот истеҳсолӣ назаррас аст. Як миқдори беҳтаршавии талабот ба молҳои сермасраф ба афзоиши зиёди талабот ба мошинаҳо ва таҷҳизотҳое, ки барои истеҳсоли иловагии молҳои сермасраф заруранд, оварда мерасонад. Пас дар ҳаёти реалӣ талабот ба мол ва хизматҳои дар саноат истифодашаванда назар ба талабот бамолҳои сермасраф якчанд маротиба зиёдтар меафзояд.
  6. Талабот ба молҳои дар саноат истифодашаванда ноёзандаанд. Барои бисёрии молҳои дар саноат истифодашаванда (ғайр аз талаботи баъзе фирмаҳо) ёзандагии ночизи нарх хос аст. Вақте, ки ҳаҷми зиёди мол истеҳсол карда мешавад, фирма (корхона) ба нархи мавод аҳамияти зиёде зоҳир намекунад, чунки ў ҳаҷми молро мувофиқи талабот истеҳсол мекунад.
пешина
аз 91
навбатӣ